Гузориши матбуотӣ оид ба рафти шудгор, кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва наслгирӣ ба ҳолати 03.04.2026

Гузориши матбуотӣ оид ба рафти шудгор, кишти баҳорӣ, бунёди боғ ва наслгирӣ ба ҳолати 03.04.2026

Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ

Тибқи дурнамо дар соли 2026 шудгор 611929 гектар, кишти баҳорӣ 419676 гектар, ғалладонагиҳо 81786 гектар, зироатҳои техникӣ 213306 гектар, аз он пахта 186800 гектар, зиратҳои равғандиҳанда 26062 гектар, картошка 39400 гектар, сабзавот 44219 гектар, аз он пиёз 15635 гектар, сабзӣ 5506 гектар, карам 2111 гектар, помидор 8942 гектар, бодиринг 4432 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7602 гектар, полизӣ 19350 гектар ва зироати хӯроки чорво 21535 гектар кишт ба нақша гирифта шудааст.

Дар асоси маълумотҳои фаврӣ рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 03.04.2026 шудгор 594896 гектар, озуқадиҳии ғалладонагиҳои тирамоҳӣ 194439 гектар ва кишти баҳорӣ дар майдони 136184 гектар гузаронида шуд.

Аз ҷумла, ғалладонагиҳо 56521 гектар, зироатҳои техникӣ 32831 гектар, аз он пахта 19864 гектар, зироатҳои равғандиҳанда 12917 гектар, картошка 11589 гектар, сабзавот 22147 гектар, аз он пиёз 11544 гектар, сабзӣ 3317 гектар, карам 1515 гектар, помидор 828 гектар, бодиринг 691 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 4254 гектар, полизӣ 3805 гектар ва зироати хӯроки чорво 9291 гектар кишт кишт карда шуд.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотҳо дурнамои кишти пахта 186800 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 04.04.2026 дар майдони 23320 гектар пахта кишт шудааст. Аз он, дар вилоятҳои Суғд 2701 гектар, Хатлон 22597 гектар ва НТҶ 22 гектар кишт гузаронида шудааст.

Пахта яке аз зироатҳои асосӣ ва муҳими стратегӣ дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Усули инноватсионии кишти пахта, аз ҷумла, зери плёнка ва обёрии қатрагӣ яке аз равандҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани хароҷот ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2026 дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 40000 гектар кишти зери плёнка ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 5801 гектар кишт гузаронида шудааст.

“Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”

Дар асоси маълумотҳо ба ҳолати 03.04.2026 ҳамагӣ дар майдони 811 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз он боғ 751 гектар ва токзор 60 гектар, интенсивӣ 64 гектар, ситрусӣ 2 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 2627 гектар, аз он боғ 2342 гектар ва токзор 285 гектар дар бар мегирад.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 03.04.2026 дар ҷумҳурӣ дар майдони 123558 гектар башаклдарории боғу токзорҳо, коркарди байни қаторҳо ва коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 03.04.2026 дар ҷумҳурӣ 1022 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд буда, майдони умумӣ 190,2 гектар буда, дар майдони 152,2 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 73,0 гектар, бодиринг 35,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 42,3 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ҳамагӣ ба миқдори 971,3 тонна сабзавот, аз он помидор 358,5 тонна, бодиринг 134,8 тонна ва дигар сабзавотҳо 424,0 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 03.04.2026 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ майдони 3149 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 983 гектар, бодиринг 849 гектар ва дигар сабзавотҳо 1317 гектарро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулот ба 3209 тонна расида, помидор 26 тонна, бодиринг 42 тонна ва дигар сабзавотҳо 3141 тонна ба бозорҳои истеъмолӣ пешкаш карда шудааст.

Коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах дар ҷумҳурӣ

Дар ҷумҳурӣ майдони коркард 120555 гектар ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 04.04.2026 майдони паҳнгаштаи малах 8488 гектар буда, майдони коркардшуда 8140 гектарро ташкил медиҳад.

Дар майдонҳои паҳнгашта барои коркарди кимиёвӣ 22 адад тракторҳои дорупошӣ, 17 адад автомашинаҳо, 272 адад дорупошакҳои дастиву моторӣ ва 340 нафар корманд сафарбар карда шудаанд.

Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Тибқи маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ нақшаи дурнамо 449221 сар барраю бузғола мебошад. Ба ҳолати 03.04.2026 379071 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12178 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 81 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Техника ва мошинолоти кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.03.2026 дар ҷумҳурӣ 27141 адад техника ва 27496 мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

Ҳамагӣ тракторҳо 25844, аз он шудгоркунанда 1060 адад, байниқаторӣ 6154 адад, нақлиётӣ  18630 адад, комбайни ғалладарав 1115 адад, комбайнҳои хӯроки чорвоғундор 115 адад,  комбайнҳои ҷуворимаккағундор 26 адад ва мошини пахтачинӣ 41 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ мошинолотҳо 27496 ададро ташкил дода, аз он 11100 адад испорҳои тракторӣ, 7148 адад ядакҳои тракторӣ, 2859 адад култиваторҳо, 2074 адад тухмипошакҳои гуногун, 1788 адад достҳои тракторӣ, 1165 адад тойбанду тагрезчин, 538 адад картошкаканакҳо, 252 картошкашинонакҳо ва 572 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Ба ҳолати 01.03.2026  техникаву мошинолоти кишоварзӣ ва техникаҳои ёрирасони кишоварзӣ ба 499  воридот карда шудааст.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон