
Инкишоф ва сабзиши пахта
Дар асоси маълумотҳо инкишоф ва сабзиши пахта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2026 дар майдони 182803 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он майдони 157104 гектар пурра инкишоф ёфтааст.
Рафти шудгор ва кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 05.06.2026 дар майдони 429930 гектар кишти баҳории зироатҳо гузаронида шудааст.
Аз он зироатҳои ғалладонагӣ 101942 гектар, (аз он гандум дар майдони 34179 гектар, ҷав 34787 гектар), зироатҳои техникӣ 204882 гектар аз он пахта (182803 гектар), зироатҳои равғандиҳанда 21791 гектар, картошка 37867 гектар, сабзавот 40870 гектар (аз он пиёз 13396 гектар, сабзӣ 5368 гектар, карам 2103 гектар, помидор 8310 гектар, бодиринг 4124 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7571 гектар), полизӣ 17953,6 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 26333 гектар кишт карда шуд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 05.06.2026 дар ҷумҳурӣ 1028 адад гармхонаҳои доимамалкунанда мавҷуд аст, ки майдони умумии онҳо 193,7 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 174,6 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 78,2 гектар, бодиринг 41,0 гектар ва дигар сабзавотҳо 54,3 гектар мебошад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 3402,3 тонна сабзавот, аз он помидор 1404,0 тонна, бодиринг 814,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 1184,0 тонна истеҳсол шудааст.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 05.06.2026 дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 4017 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 1348 гектар, бодиринг 1095 гектар ва дигар сабзавотҳо 1574 гектарро ташкил медиҳад.
Аз ин майдон 47478 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст, ки помидор 13134 тонна, бодиринг 14065 тонна ва дигар сабзавотҳо 20280 тонна мебошад.
Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 291702 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 05.06.2026 майдони 31840 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 110099 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 40 сентнер буда, 242 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Аз он майдони кишти гандум 195106 гектар буда, майдони 25426 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 92712 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 40 сентнер буда, 167 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Ҷамъоварии мева, ангур, сабзавот ва полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 05.06.2026 дар ҷумҳурӣ 15043 тонна мева ва 29 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Картошка: майдони кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 37867 гектарро ташкил дода, ба ҳолати 05.06.2026 майдони 3630 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумӣ 63026 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 175 сентнер мебошад.
Майдони кишти сабзавот 40870 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 10467 гектар ва ҳосили умумии онҳо 374312 тонна мебошад, аз он ҷумла пиёз 231887 тонна, карам 23465 тонна, помидор, 24508 тонна, бодиринг 28271 тонна, сабзӣ 27778 тонна ва дигар сабзавотиҳо 38403 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 360 сентнер мебошад.
Майдони кишти полизиҳо 17954 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 2151 гектар ва ҳосили умумии онҳо 47917 тонна мебошад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 223 сентнерро ташкил медиҳад.
Наслгирӣ аз чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 465931 сар барраю бузғола насл гирифта шавад.
Ба ҳолати 30.05.2026 478577 сар барраю бузғола насл гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41056 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 86 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.
Ҷамъоварзии хуроки чорво
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 2976309 тонна хуроки дурушт ва 112780 тонна хуроки ширадор ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 05.06.2026 151756 тонна хуроки дурушт ҷамъоварӣ гардида, айни замон захиракунӣ бомаром идома дорад.
Техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.05.2026 дар ҷумҳурӣ 27710 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 81%-и он омодаи кор мебошад.
Аз он 26420 адад тракторҳо, 1047 адад тракторҳои шудгоркунанда, 6154 адад байниқаторӣ ва 19219 адад нақлиётӣ, 1118 адад комбайни ғалладарав, 115 адад комбайни хурокичорвоғундор, 36 адад мошини пахтачин, ташкил медиҳад.
Мошинолотҳо 27525 ададро ташкил намуда, аз он 10923 адад испорҳои тракторӣ, 6967 адад ядакҳои тракторӣ, 3350 адад култиваторҳо, 1970 адад тухмипошакҳо аз он: 1651 адад тухмипошакҳои пахта, 1760 адад достҳои тракторӣ, 1181 адад тойбанду тагрезчин, 532 адад картошкаканакҳо, 253 картошкашинонакҳо ва 589 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок омодаанд.
Воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар 4 моҳи соли 2026 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 898 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 250 адад, комбайни ғалладарав 4 адад, мошини алафдарав 4 адад, испори тракторӣ 120 адад, кулухмайдакунак (фреза) 61 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 65 адад, картошкашинонак 3 адад, картошкаканак 3 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 100 адад ва алафдаравак 42 адад.
Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 88 адад ва боркунак (погрузчик) 66 адад ворид гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон, тел: 235-39-23