
Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Бо мақсади истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2–3 ҳосил аз як майдон, соли 2026 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ гузаронидани кишти такрорӣ дар масоҳати 191000 гектар пешбинӣ гардидааст. Тибқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 01 августи соли равон кишти такрорӣ дар 183772 гектар, ё 96 фоизи нақша анҷом дода шудааст. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ зироатҳои ғалладонагиҳо 112552 гектар, полизӣ 7 243 гектар, зироатҳои техникӣ 3 257 гектар, зироатҳои хӯроки чорво ба 32 780 гектар, сабзавот 18 003 гектар ва картошка 315 гектар иҷро гардидааст.
Ҷамъоварии ғалладона дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ дар майдони 295299 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст.
Ба ҳолати 01.08.2026 майдони 227937 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 737907 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 40 сентнер буда, 90 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Аз он майдони кишти гандум 195338 гектар буда, майдони 171651 гектар даравидашударо ташкил медиҳад. Ҳосили умумӣ 588847 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 40 сентнер буда, 57 адад комбайнҳо дар майдонҳо ба дарав намуда истодаанд.
Ҷамъоварии мева, ангуг, сабзавот ва полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврӣ то санаи 01.08.2026 дар ҷумҳурӣ 250588 тонна мева ва 8610 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Картошка: майдони кишт дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 38548 гектарро ташкил дода, ба ҳолати 01.08.2026 майдони 13026 гектар ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумӣ 247530 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар то 200 сентнер мебошад.
Майдони кишти сабзавот 41215 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 28675 гектар ва ҳосили умумии онҳо 891475 тонна мебошад, аз он ҷумла пиёз 361861 тонна, карам 42016 тонна, помидор, 147529 тонна, бодиринг 89035 тонна, сабзӣ 88252 тонна ва дигар сабзавотиҳо 169782 тонна буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна то 315 сентнер мебошад.
Майдони кишти полизиҳо 19049 гектар буда, масоҳати ҷамъоваришуда 15358 гектар ва ҳосили умумии онҳо 610514 тонна мебошад, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 400 сентнерро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварзии хуроки чорво
Дар асоси маълумотҳо дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 2976309 тонна хуроки дурушт ва 112780 тонна хуроки ширадор ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 01.08.2026 1750220 тонна хуроки дурушт ва 16084 тонна хуроки ширадор ҷамъоварӣ гардида, айни замон захиракунӣ бомаром идома дорад.
Техника ва мошинолоти кишоварзӣ
Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.07.2026 дар ҷумҳурӣ 27983 адад техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, 82%-и он омодаи кор мебошад.
Аз он 26635 адад тракторҳо, 1060 адад тракторҳои шудгоркунанда, 6154 адад байниқаторӣ ва 19421 адад нақлиётӣ, 1116 адад комбайни ғалладарав, 116 адад комбайни хурокичорвоғундор, 94 адад мошини пахтачин, ташкил медиҳад.
Мошинолотҳо 27794 ададро ташкил намуда, аз он 11214 адад испорҳои тракторӣ, 7040 адад ядакҳои тракторӣ, 3001 адад култиваторҳо, 2086 адад тухмипошакҳо аз он: 1655 адад тухмипошакҳои пахта, 1795 адад достҳои тракторӣ, 1228 адад тойбанду тагрезчин, 555 адад картошкаканакҳо, 262 картошкашинонакҳо ва 613 адад алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок омодаанд.
Воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар шаш моҳи соли 2026 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1300 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 301 адад, комбайни ғалладарав 6 адад, мошини алафдарав 8 адад, испори тракторӣ 120 адад, кулухмайдакунак (фреза) 61 адад, тойбанду тагрезчин 40 адад, дорупошак 65 адад, картошкашинонак 3 адад, картошкаканак 3 адад, тухмипошаки кишти дақиқи пахта 140 адад ва алафдаравак 86 адад.
Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 159 адад, боркунак (погрузчик) 115 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 12 адад ворид гардидааст.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон, тел: 235-39-23