Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин на танҳо санаи тақвимӣ, балки оғози эҳёи тамаддуни кишоварзии миллати куҳанбунёди мост. Дар тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ, соҳаи кишоварзӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи нобудӣ ба қуллаи шукуфоӣ расид. Ин роҳ - роҳи заҳмати содиқона, иродаи матин ва сиёсати дурбинонаест, ки замини Тоҷикистонро ба кафили амнияти миллӣ ва сутуни устувори иқтисодиёт табдил дод. Имрӯз мо бо ифтихор изҳор медорем, ки соҳаи кишоварзӣ набзи ҳаёти кишвар ва рамзи фаровонии дастурхони ҳар як хонадон гардидааст.

Маҳз, кишоварзӣ соҳаи муҳими хоҷагии халқи мамлакат буда, рушди мунтазами он яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар таъмини амнияти озуқавории мардум ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолӣ ба дараҷаи рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста баҳогузорӣ гардидааст.

Нақши созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кулли соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ дар ташаккули соҳаи кишоварзӣ, ислоҳоти муносибатҳои истифодаи замин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани хусусияти рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳои мушаххас доир ба истифодаи оқилонаи ҳар порча замин, баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ, аз як замин рӯёнидани ду-се ҳосил, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хоҷагидорӣ, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, ташаккули корхонаҳои коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ва ниҳоят замина гузоштан ба тараққиёти устувори соҳаи кишоварзиро тадбиқ намуданд, равшантару назаррастар шинохта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ ислоҳоти заруриро дар соҳаи кишоварзии мамлакат роҳандозӣ намуда, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ашёи хом барои соҳаи саноат тавассути афзоиши устувори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ба содирот нигаронидашуда тадбирҳо заруриро амалӣ гардонид.

Бо дарназардошти дастовардҳое, ки мо дар давоми 35 - соли соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ноил гардидем, бояд аз мушкилотҳои аввали солҳои соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шавем, ки дар баробари тинҷу ором намудани вазъи сиёсии кишвар зарурияти таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ба миён омад. Вазъияти ба амал омада Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетараф гузошта наметавонист ва ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молҳои воридотӣ ва ба шуғл фаро гирифтани аҳолии ҷумҳурӣ ба корҳои доимӣ зарурияти  тақсим намудани заминҳо ба аҳолии ҷумҳурӣ ба миён омад.

Дар ин росто таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат - ҳадафи стратегии кишвар муайян гардида, яке аз ислоҳоти муҳими соҳа дар ин давра тақсими 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, ба аҳолии деҳот маҳсуб меёбад. Маҳз иқдоми мазкур дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имкон дод, ки масъалаи таъмин намудани аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоӣ давра ба давра ҳалли худро ёбад.

Дар давоми 35 соли истиқлолият соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун манбаи истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, балки ҳамчун асоси зиндагии мардум ташаккул ёфт. Агар ба солҳои аввали истиқлолият назар кунем, кишвар дар вазъияте қарор дошт, ки истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ кам буд, бисёре аз маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид мешуданд ва низоми хоҷагидорӣ ҳанӯз ба шароити нави иқтисодӣ мутобиқ нашуда буд.

Бо гузашти солҳо ва татбиқи ислоҳоти аграрӣ вазъият тадриҷан тағйир ёфта, шаклҳои нави хоҷагидорӣ – хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва инфиродӣ ба миён омаданд. Деҳқонон имконият пайдо карданд, мустақилона кишт намоянд, истеҳсол кунанд ва маҳсулоти худро ба бозор бароранд. Ин омил боис гардид, ки ҳавасмандии мардум ба замин зиёд шуда, самаранокии истифодаи замин беҳтар гардад.

Гузариш ба шакли нави муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ғайридавлатӣ сохтани моликият сабаби тағйиротҳои куллӣ дар соҳаи кишоварзӣ гардид, ки дар натиҷа дар соҳаи кишоварзӣ зиёда аз 186,4 ҳазор хоҷагиҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 3333 асотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кооперативҳо амал менамоянд.

Дар натиҷаи татбиқи пайвастаи барномаҳои давлатӣ нишондиҳандаҳо ба таври назаррас беҳтар гардиданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2025 ба 84,7 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба соли 1991 3,7 баробар афзоиш ёфт. Имрӯз соҳа беш аз 21 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро таъмин намуда, зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст.

Дар соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 1740,5 ҳазор тонна, пахта 392,6 ҳазор тонна, картошка 1332,5 ҳазор тонна, сабзавот 3377,9 ҳазор тонна, полизӣ 1144,8 ҳазор тонна, мева 954,3 ҳазор тонна, ва ангур 346,1 ҳазор тонна истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати соли 1991 ғалладонагиҳо 6 маротиба, картошка 12,6 маротиба, сабзавот 10,5 маротиба, полизӣ 22,7 маротиба, мева 5,4 маротиба ва ангур 2,7 маротиба зиёд шудааст. Инчунин саршумори чорвои калон 2890,9 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбати соли 1991 2,1 мартиба афзудааст. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз 7464,1 ҳазор сар ва паранда 13077,7 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки мутаносибан 2,2 маротиба ва 2 маротиба зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ нисбати талаботи меъёрҳои физиологӣ истеҳсоли картошка, сабзавот, полизӣ, меваю ангур, гушт ва шир 100 фоизи (картошка 135,4 %, сабзавот 2,4 маротиба, пиёз 4 маротиба, сабзӣ 3,9 маротиба, полизӣ 3,9 маротиба, мева ва ангур 100 %, гушт 104,1 фоиз, шир 100 фоиз) ва тухм 74 фоиз таъмин гардида, таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар 85 %-ро ташкил медиҳад.

Яке аз дастовардҳои бузургтарини даврони Истиқлолият - ин табдили кишоварзӣ аз истеҳсоли оддии ашёи хом ба Низоми мукаммали агроозуқаворӣ буда, ин низом имрӯз тамоми марҳилаҳо — аз истеҳсолу коркард то логистика ва фурӯши маҳсулоти ниҳоиро дар бар мегирад.

Кластерҳои агросаноатӣ дар доираи татбиқи «Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳо то соли 2040» имкон дод, ки занҷираи арзиши иловашуда дар бахшҳои пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ таҳким ёфта, фоидаи иқтисодии соҳа дар дохили кишвар боқӣ монад. Ҳамчунин бунёди марказҳои логистикӣ ва анборҳои муосир барои нигоҳдории 1,4 миллион тонна маҳсулот имкон дод, ки низоми таъминоти озуқаворӣ дар тамоми фаслҳои сол устувор ва нархҳо дар бозори дохилӣ муътадил бошанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ, Тоҷикистон тавонист ганҷҳои нодири табиати худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Имрӯз, ворид шудани ду шоҳкории соҳаи кишоварзии мо ба феҳристи Глобалии мероси кишоварзии ФАО — ин пирӯзии дипломатияи аграрӣ ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Гӯсфанди зоти Ҳисорӣ, ки дар олам бо ҷуссаи бузург ва тавоноии худ назир надорад, расман ҳамчун мероси генетикӣ ва фарҳангии башарият эътироф гардид. Ин зот, ки натиҷаи селексияи халқии бисёрсола мебошад, қобилияти беназири мутобиқшавӣ ба шароити душвори кӯҳистонро дорад.

Ворид шудани ин зот ба мероси ҷаҳонӣ маънои онро дорад, ки Гӯсфанди Ҳисорӣ акнун на танҳо моли Тоҷикистон, балки як қисми ҷудонашавандаи амнияти биологии ҷаҳон ва намунаи олии донишҳои анъанавии заминдорӣ маҳсуб мешавад.

Ангури Гулобӣ, ки бо накҳати мушкбор ва ранги нозуки худ дили ҳазорон нафарро дар саросари ҷаҳон тасхир кардааст, акнун ба қатори маҳсулоти нодири фарҳангии ҷаҳонӣ ворид шуд.

Ин навъи ангур рамзи меҳмоннавозӣ ва заҳмати деҳқонони мо буда, дар бозорҳои байналмилалӣ ҳамчун маҳсулоти беҳамтои экологӣ ва ҳамчун бренди миллӣ шинохта мешавад.

Дар давраи истиқлолият истеҳсоли зироатҳои асосӣ ба таври назаррас афзоиш ёфт. Масалан, гандум, ки ғизои асосии мардум ба шумор меравад, имрӯз дар ҳаҷми калон истеҳсол мешавад ва қисми зиёди талаботи дохилиро қонеъ месозад. Истеҳсоли картошка, сабзавот, полизӣ, мева ва ангур низ сол аз сол афзуда, бисёре минтақаҳои кишвар имрӯз бо истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулот худро муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла шаҳри Турсунзода ба истеҳсоли ангур ва биринҷ, ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Лахш бо истеҳсоли картошка, ноҳияҳои минтақаи Рашт бо истеҳсоли себу нок ва ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маҳсулоти барвақтии зиротҳои сабзавотӣ ва полизӣ дар мамлакат мавқеи муассир доранд.

Тибқи маълумоти оморӣ соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ 375709 гектар аз он гандум 250044 гектар, зироатҳои техникӣ 198165 гектар, аз он 174936 гектар пахта, картошка 64322 гектар, сабзавот 69665 гектар аз он пиёз 22780 гектар ва полизӣ 22754 гектар кишт гузаронида шудааст.

Дар соли 2025 тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1,7 млн. тонна ғалладонагиҳо истеҳсол карда шуда, нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,4 млн. тонна ё 6 маротиба зиёд шудааст.

Аз ҷумла, истеҳсоли гандум дар ҷумҳурӣ ба 811 ҳазор тонна баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 662 ҳазор тонна зиёд ё 5,4 маротиба мебошад.

Дар ин давра ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо (бе ҷуворимакка) ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар 30,6 сентнер баробар гардид, ки нисбат ба соли 1991 17,8 сентнер зиёд мебошад.

Истеҳсоли картошка ба 1,3 млн. тонна баробар гардида, нисбати соли 1991 1,2 млн. тонна ё 12,5 маротиба зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектар 267,5 сентнерӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 124,5 сентнер зиёд мебошад.

Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 3,4 млн. тонна сабзавот ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 3,0 млн. тонна ё 10,5 маротиба зиёд истеҳсол шудааст.

1,3 млн тонна полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 1,2 млн тонна ё 12,5 маротиба зиёд истеҳсол шудааст.

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 954,3 ҳазор тонна мевагиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991 истеҳсоли мева 777,5 ҳазор тонна ё 5,4 маротиба зиёд истеҳсол гардидааст.

Инчунин, 346,1 ҳазор тонна ангур истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 225,1 ҳазор тонна ё 2,9 маротиба зиёд истеҳсол шудааст.

Дар 35-соли истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зиёда аз 119 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 208 ҳазор гектар расидааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,3 баробар зиёд мебошад.

Таҷрибаи истифодаи самараноки замин ба сатҳи нав баромада, кишти такрории зироатҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати аграрии кишвар табдил ёфт. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ дар майдони тақрибан 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад, ки ба деҳқонон имкон медиҳад дар як мавсим аз як қитъа ду маротиба ҳосил ба даст оваранд ва истифодаи захираҳои замин, об ва меҳнатро самараноктар намоянд.

Дар ҳамин замина, бо дарназардошти кишти асосӣ ва кишти такрорӣ, ҳамасола дар майдони беш аз 1 млн гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ амалӣ мегардад, ки ин нишондиҳанда аз густариши воқеии иқтидори истеҳсолии соҳа шаҳодат медиҳад. Афзоиши ҳосили иловагӣ аз ҳисоби кишти такрорӣ, аз як тараф ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро афзун менамояд ва аз ҷониби дигар, бори иловагӣ ба заминҳои навро коҳиш дода, ба ҳифзи заминҳои киштӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо мусоидат мекунад.

Вобаста ба рушди кишти такрорӣ, дар 200 ҳазор гектар замини такрорӣ имконияти таъсиси то 400 ҳазор ҷойи кории иловагӣ фароҳам оварда шуда, имрӯз аз ҳисоби кишти такрорӣ то 30 фоизи маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол ва ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод мегардад, ки ин саҳми мустақим дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ғанӣ гардидани бозор бо маҳсулоти тару тоза ва устувории нархҳо дар тӯли сол мебошад.

Бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зимистон кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 3000 гектар кишти сабзавотҳо дар гармхонаҳои доимамалкунандаю мавсимӣ гузаронидаанд. Инчунин, тайи солҳои охир ин бахш дар ҷумҳурӣ ҳамчунин соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб рафта, бо истифодаи технологияҳои муосир рушд ёфта ҳамасола наздики 100 ҳазор тонна сабзавот ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод гардида истодааст.

Дар баробари дигар бахшҳо чорводорӣ низ дар ин давра рушд карда дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2,9 млн. сар чорвои калон, аз он 1,5 млн. сар модагов, 29,7 ҳазор сар қутос, 7,5 млн. сар гӯсфанду буз, 96,8 ҳазор сар асп, 13,1 млн. сар паранда ва 260 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли 1991 саршумори чорвои калон 1,5 млн. сар ё 2,1 баробар, аз он ҷумла модагов 950 ҳазор сар ё 2,6 маротиба, қутос 14,6 ҳазор сар ё 2 маротиба, гӯсфанду буз 4,1 млн. сар ё 2,2 маротиба, асп 44,2 ҳазор сар ё 1,8 маротиба, паранда 6,5 млн. сар ё 2 маротиба, занбӯри асал 198,5 ҳазор оила ё 4,2 маротиба зиёд гардидааст.

Дар баробари зиёд гардидани миқдори чорво дар кишвар, истеҳсоли гӯшт, шир ва асал зиёд шудааст. Имрӯз аксари аҳолӣ имконият дорад, ки маҳсулоти чорводориро аз истеҳсоли дохилӣ дастрас намояд.

Дар ин росто истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда 454,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба соли 1991-ум 3,0 баробар зиёд шудааст, гушти паранда бошад ба 51 ҳазор тонна расида, 3,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон истеҳсоли асал, тухм ва шир нисбат ба соли 1991 мутаносибан 6,5 баробар, 2,1 баробар ва 2 баробар зиёд шудааст.

Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи парандапарварӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, солҳои охир як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ намуд. Дар натиҷа шумораи корхонаи парандапарварӣ 11 маротиба афзоиш ёфта, аз 21 адади соли 1991 то ба 237 адад дар соли 2025 зиёд гардид.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои камхарҷ ва сердаромад ба шумор рафта, дар таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти нодири ғизоию табобатӣ (асал, гарди гул, шири модарзанбӯр, мум) ва соҳаи саноати дорусозӣ бо ашёи хом мавқеи муҳим дошта, сол аз сол рушди бемайлон ёфта, дар соли 2025 истеҳсоли асал ба 3,8 ҳазор тонна истеҳсол гардид, ки нисбати соли 1991-ум 3,2 ҳазор тонна ё 6,5 маротиба зиёд шуд.

Барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 1300 адад кӯлҳои табиӣ, 8 адад обанборҳо ва 432 адад хоҷагиҳо бо масоҳати умумии 76257 га, ки аз он 73342 га обанборҳо ва 2915 га ҳавзҳо мавҷуд буда, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳо истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи амали намудани тадбирҳои зарурӣ дар соли 2025 истеҳсоли моҳии молӣ ба 5,6 ҳазор тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 ҳазор тонна ё 1,7 маротиба зиёд мебошад.

Имрӯз кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаест, ки барои рушди иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани некӯаҳволии мардум аҳамияти калидӣ дорад. Дастовардҳое, ки дар ин самт ба даст омадаанд, натиҷаи меҳнати деҳқонон, дастгирии давлатӣ ва истифодаи оқилонаи замин мебошанд.

Истиқлолияти Тоҷикистон барои рушди кишоварзӣ ва содироти маҳсулоти он заминаи устувор фароҳам овард. Имрӯз, ҳаҷми содирот ба 190,5 ҳазор тонна расид ва арзиши он 79,2 миллион долларро ташкил дода, дар таркиби маҳсулоти содироти пахта 30-35%, меваю сабзавот зиёда аз 40%, меваи хушк наздики 20% ва дигар маҳсулот - асал ва чормағз - афзоиш ёфтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки механиконии соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.

Рушди босуръати соҳаи кишоварзӣ бо истифодаи техникаю мошинолот, технологияи муосир дар коркарди хок ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ вобастагии ногусастанӣ дорад. Дар ин замина дар баробари дигар бахшҳои кишоварзӣ, механиконӣ ва таъмин намудани хоҷагиҳо бо техникаву мошинолоти кишоварзӣ рушд ёфта, заминаи моддию техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ пурра аз нав карда шуд.

Вобаста ба ин дар ин давра шумораи техника ва мошинолоти кишоварзӣ, аз ҷумла тракторҳои гуногунтамға ба 25924 адад, комбайнҳои ғалладаравӣ 1138 адад, ядакҳои тракторӣ 7163 адад, испорҳои тракторӣ 11115 адад, накрмкунакҳо (култиваторҳо) 2853 адад, тухмипошакҳои тракторӣ 1919 адад, аз он тухмипошакҳои пахта 1481 адад, тойбанду-тагрезчинҳо 1170 адад, достҳои тракторӣ 1853 адад, картошкашинонакҳо 251 адад, картошкаканакҳо 536 адад, мошинҳои пахтачинӣ 42 адад, алафҷамъкунакҳо 579 адад ва дигар мошинолоти кишоварзӣ зиёда аз 150 ҳазор адад расонида шуд, ки ин нишондиҳандаҳо барои сари вақт таъмин намудани меъёрҳои агротехникӣ ва гирифтани се, чор ҳосил дар як сол мусоидат намуда истодааст.

Бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ шумораи марказҳои хизматрасонии техникӣ дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ ба 85 адад расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 1991 75 адад зиёд мебошад. Аз миқдори марказҳои мавҷуда 60 адади онҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои харидорӣ намудани техника ва мошинолоти кишоварзии муосир ва дар асоси талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонд «Дар бораи иҷораи молиявӣ» таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техника ва мошинолот аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 285,8 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Ба 4028 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 2954 адад техника ва 8540 адад мошинолоти кишоварзиро дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас намуд. Дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳои мазкур дар ин давра ба ҷумҳурӣ беш аз 37 ҳазор адад техникаву мошинолоти кишоварзӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Ҳамзамон, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ густариш ёфта, навъҳои тухмӣ, зироатҳои ба иқлим мутобиқ ва усулҳои нави парвариши муоссири инноватсионӣ ҷорӣ гардидаанд. Ин раванд ба баланд гардидани ҳаҷми истеҳсол ва сифати маҳсулот мусоидат намудааст. Дар соҳаи зироаткорӣ зиёда аз 288 навъи зироатҳои кишоварзӣ офарида, ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аз онҳо 183 навъ минтақабоб карда шуд. Аз ҷониби олимони АИКТ зиёда аз 66 технологияи самаранок ва инноватсионии парвариши зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ ва татбиқ гардиданд, аз ҷумла, технологияи кишти ғалладонагиҳои навъҳои ватанӣ бо коркарди сифрии хок, кишти пуштагии зироатҳо, кишти зериплёнкагии пахта бо усулҳои обёрии қатрагӣ ва муқаррарӣ, рӯёнидани 3-4 ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар як сол, истифодаи сидератсия барои нурии сабз, парвариши зироатҳои равғандиҳанда дар кишти тирамоҳӣ, усулҳои интегратсионии ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касалию ҳашаротҳои зараррасон, усулҳои такрористеҳсолкунии тухмиҳои элитию репродуксионии зироатҳои кишоварзӣ ва ғайра.

Татбиқи дастовардҳои илмӣ беҳтар гардида, соли 2025 навъҳои ватании пахта дар масоҳати 100 ҳазор гектар ва навъҳои зироатҳои ғалладонагӣ дар 268 ҳазор гектар кишт шуданд, ки мутаносибан 42,3 ва 80 дарсади майдони кишти ин зироатҳоро дар ҷумҳурӣ ташкил менамоянд. Кишти навъҳои зироатҳои лӯбиёгӣ дар масоҳати 15,3 ҳазор гектар ё 80 дарсад (бо назардошти кишти такрории мош), навъҳои зироатҳои хӯроки чорво дар масоҳати 55 ҳазор гектар ё 60 дарсад (бо назардошти кишти такрории ҷуворимакка ва ҷуворӣ), навъҳои зироатҳои равғандиҳанда дар масоҳати 26,1 ҳазор гектар ё 85 дарсад амалӣ гардидааст.

Дар соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ ва картошкапарварӣ олимони Академия 99 навъи серҳосилро офариданд, ки 38-тои он минтақабоб гардид. Дар асоси дастовардҳои илмӣ дар тули солҳои 1991- 2025 соҳиби зиёда аз 238 патенту нахустпатент ва 586 шаҳодатномаи муаллифию ихтироотӣ гардиданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар, муассисаҳои илмии Академия оид ба тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос чораҳои зарурӣ андешида, дар соҳаи илмҳои кишоварзӣ зиёда аз 338 рисолаи илмӣ, аз ҷумла 78 рисолаи докторӣ ва 260 рисолаи номзадӣ, инчунин зиёда аз 273 рисолаи магистрӣ дифоъ гардид. Аз ҷониби олимони Академия зиёда аз 10,2 ҳазор кори илмӣ, аз ҷумла 459 китобу монография, зиёда аз 1258 тавсияю дастур ва буклет, 8,5 ҳазор мақолаи илмӣ ба чоп расидааст.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати ҳарчи бештар барои баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва беҳтар намудани пойгоҳи илмӣ, яъне ташкили озмоишгоҳҳои илмию таълимии муосир, синфхонаҳои махсусгардонидашудаи фаннӣ, дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир, таконбахшӣ ба фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, беҳтар гаштани дастрасӣ ба воситаҳои иртиботию иттилоотӣ, муосиркунонии китобхонаи электронӣ, гузоштани заминаҳои мусоид ба қавигардии алоқаи илм ба истеҳсолот пайваста кӯшиш менамояд.

Аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба олимони донишгоҳ муяссар гардид, ки ҳамасола аз рӯйи 10 то 15 лоиҳаи фармоишӣ ва 17 лоиҳаи сарборӣ таҳқиқоти илмии хешро амалӣ гардонанд. Пажӯҳишҳо ва корҳои илмӣ- таҳқиқотии олимон на ба хотири соҳиб гаштан ба унвони илмӣ ва имиҷи шахсӣ, балки ба хотири саҳми босазо дар рушду нумӯи Тоҷикистони азиз бахшида мешаванд. Олимони донишгоҳ бо мақсади беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ ба чордаҳ масъалае, ки дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илми кишвар таъкид шуда буд, таваҷҷуҳи амиқ медиҳанду баҳри амалишавиашон тамоми тадбирҳоро меандешанд, то натиҷаҳои илмиашон дар истеҳсолот тадбиқ гарданд.

Дар солҳои 1991 - 2025 донишгоҳ 227 нафар номзади илм ва 185 нафар доктори илм омода намудааст. Дар ин давра 94 патенту шаҳодатномаи муаллифӣ ба даст омадааст. Устодони донишгоҳ 283 монография, 662 китоби дарсӣ, 2549 дастури таълимию методӣ, 293 тавсиянома ва 21903 мақолаи илмӣ интишор сохтаанд.

Солҳои 1991 - 2026 дар таърихи донишгоҳ ҳамчун солҳои комёбиҳои бузурги таълимию методӣ арзёбӣ мешавад. Таърихи 95 - солаи донишгоҳ як саҳифаи таърихи рушди кишоварзӣ буда, дар тӯли 95 соли фаъолияташ барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 61767 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, аз он ҷумла 48258 нафар таҳсили рӯзона ва 13569 нафар таҳсили ғоибона (фосилавӣ) мебошад. Дар ин давра 100 доктори илм ва 424 номзади илм тайёр карда шудааст, ки аз ин теъдод мутаносибан 88 ва 261 нафарашон ба давраи соҳибистиқлолӣ мебошад.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2025) ин теъдод зиёда аз 45845 нафарро ташкил медиҳад, ки 37130 нафар рӯзона ва 8715 нафар дар шуъбаи ғоибона ва фосилавӣ мебошанд. Аз теъдоди умумии хатмкардагон 75,2 фоиз ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд.

Бояд тазакур дод, ки дар баробари дастовардҳои соҳа имкониятҳои истифода нашуда, хело зиёданд ва истифодаи самараноки замину об ва иқлими Тоҷикистон имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ дар чор фасли сол ба роҳ монда шуда, дар баробари таъминоти бозори истеъмолии кишвар содироти он ба роҳ монда шавад.

Аз ин лиҳоз, дар солҳои минбаъда оид ба рушди соҳа ва нигоҳ доштани устувории амнияти озуқавории кишвар ба рушди иноватсионии соҳа, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи тухмипарварӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гирифтан се чор ҳосил, зотпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, рақамикунонии соҳа, тиҷорати электронӣ, бунёди марказҳои тақсимоти яклухт, яхдонҳо ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот, самаранок истифода намудани заминҳои корам, бахусус заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамкории зич бо бахши хусусӣ ва шарикони рушд, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, баланд бардоштани дониш ва таҷрибаи деҳқонон, минтақабобсозии зироатҳои кишоварзӣ, муҳофизати растанӣ, баланд бардоштани ҳосилхезии сифати хок ва таҷрибаи пешқадами иттилоотии технологӣ ва  вобаста ба тағйирёбии иқлим оид ба татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот таваҷҷуҳу хоса зоҳир карда мешавад.

Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби вазорат як қатор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуд, аз ҷумла қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040”, “Дар бораи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030”, “Дар бораи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020”, “Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030”, “Дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030”, “Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбури асалпарварӣ”, “Дар бораи Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”, “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026“, ”Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, “Дар бораи Барномаи рақамикунонии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”, “Дар бораи Барномаи фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷорӣ намудани таҷрибаи муносиби кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (Стандарти байналмилалии Global G.A.P.)” ва “Дар бораи Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд.

Имрӯз, бо ҷалби сармоягузории мустақими Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд ва Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ маблағгузорӣ ба 202,1 миллион доллари ИМА расида, шумораи умумии манфиатгирандагон зиёда аз 350 ҳазор хонаводаро дар бар мегирад. Дар ин замина, лоиҳаҳои «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ, «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+», «Таъмини воситаҳои зиндагии устувор ва васеъ намудани ҳуқуқу имкониятҳои занони деҳот» аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд, «Ҷалб намудани ҷавонон аз хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷирҳои арзиши маҳсулот» аз ҷониби Барномаи озуқавории Ҷаҳонӣ, лоиҳаи «K-Smart Farm» аз ҷониби Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (КОИКА), инчунин лоиҳаи «Идоракунӣ ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таҳкими амнияти озуқаворӣ» қабул гардида, то соли 2030 идома меёбанд.

Зеро соҳаи кишоварзӣ зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар давраи минбаъда низ барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат дар самтҳои рушди устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути рақамикунонӣ, татбиқи усулҳои инноватсионии парвариши зироатҳо ва чорво, баланд бардоштани ҳосилнокии зироаткорию чорводорӣ, инчунин ташаккули занҷираи арзиши иловашуда тадбирҳои заруриро амалӣ карда мешавад.

Нигина Анварӣ – муовини вазири кишоварзии

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Аҳмадҷон Абдуллозода – сардори раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ

Лоиқ Туйчизода – сардори шуъбаи матбуот ва иттилоот