Меню

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

АЗ ТАЪРИХИ НОҲИЯ
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар қисми ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Куҳистони ноҳия ба каторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ мансуб буда, маркази ноҳия дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст.  Баландии каторкуҳҳои ноҳия ба 2,5-3 ҳазор метр мерасанд. Масоҳати ноҳия 228,4 километри мураббаро ташкил дода, дар Шарқ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (144км), дар Шарқу Шимол бо Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ноҳияи Дарвоз), аз Шимол бо ноҳияи Муъминобод, аз Fapб бо шаҳри Кӯлоб ва аз Ҷануб бо ноҳияи М.С.А Ҳамадонӣ ҳамсарҳад аст. Нуқтаҳои охирини қисматҳои ноҳия (димоға) дар Шарқ- Паси куҳ (Ҷамоати ба номи Н. Маҳмудов), Шимол - Ҳазрати Эмом (Ҷамоати Лангардара), Fapб - Туғмагӣ (Ҷамоати Чагам) ва Ҷануб - Баҳорак (Ҷамоати Саричашма) ба ҳисоб мераванд.

Аз маркази ноҳия то шаҳри Кӯлоб 32 км, шаҳри Бохтар 197 км ва то шаҳри Душанбе 237 км роҳи автомобилӣ тул мекашад.

Иқлими ноҳия якранг нест. Дар мавзеи Терай, гармии муътадил ва дар мавзеъҳои Даштиҷуму Саричашма иқлими субтропикии хушк ҳукмфармост. Дар Терай зимистон сард буда, тобистони мулоим (салқин) дорад. Ҳарорати ҳаво зимистон ба ҳисоби миёна - 10-20 0С дар баландкуҳҳо - 20-25 0С хунук ва тобистон +30-35 0С гарм мешавад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 400-500 миллиметр мебошад. Фаслҳои тирамоҳ ва зимистон аз тарафи шимолу шарқ ва ҷанубу шарқ бодҳои афғонӣ бо суръати баланд мевазад. Ин мавзеъ фасли тобистон барои зиндагӣ ва парвариши чорво хеле мувофиқ аст. Минтақаи муътадили даштӣ буда, заминҳояш пурра кишт мешаванд. Дар ҷойҳои боқимонда (доманакуҳҳо) растаниҳои мавсимӣ (эфимерӣ) мерӯянд. Иқлими водиҳои Даштиҷум ва Саричашма зимистон мулоим ва тобистон гарм аст. Ҳарорати ҳаво тобистон +30-40 0С буда, зимистон мулоим ва баъзан то -5 0С паст мефурояд. Микдори боришот ба 250- 300 миллиметр баробар аст. 

        Бояд зикр намуд, ки аз 3 марти соли 2016 бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номи ноҳияи Шӯрообод ба Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд.

Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 7  ҷамоати деҳот Теҳрай, Доғистон, Саричашма, Чагам, ба номи Нуриддин Маҳмудов, Даштиҷум ва Лангардара  арзи ҳастӣ дошта, ба санаи  1 январи соли 2024 дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия 115 деҳа, 7687 хоҷагӣ ва 60 000 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.. Аз шумораи умумии аҳолӣ  95% тоҷикон ва 5%-ро узбекзабонҳо ташкил медиҳанд. Аҳолии узбекзабон асосан дар ҷамоатҳои деҳоти Чагам ва Саричашма зиндагӣ мекунанд. 

    Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун ноҳияи куҳистону аграрӣ ва ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, бо андешидани як қатор тадбирҳои мушаххас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия  ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад.

Суроға:  Ҷамоати деҳоти Теҳрай, деҳаи Шӯрообод

ТАМОС:  ТЕЛ: 83319 2-11-25,  2-13-02

ПОЧТА:  kadrho.shurobod@khatlon.tj

1
Пресс центр
Таҷлили рӯзи табибон дар ноҳияи Шамсиддин ШоҳинТаҷлили рӯзи табибон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
БУНЁДИ ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИНБУНЁДИ ИНШООТИ МУҲИМИ ИҶТИМОӢ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОНИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ВА РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИНБАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОН ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН
ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИДДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД
Направления
Полезные ссылки
Бахши коргузорӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгрҳи раиси ноҳия
Бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия
Бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
Бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
Бахши иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
2026-04-09T11:08:00Z
Фарханг
2025-12-12T09:34:00Z
Сайехи
2025-12-12T09:53:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Маркази матбуот
Тамос
Фаъолият
Дар бораи Мақомот
Санадҳо
Нома ба мақомот
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал