Вохӯрии директори Агентии содирот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии директори Агентии содирот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 майи соли 2025 вохӯрии директори Агнетии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро мубодилаи афкор намуданд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода қайд намуд, ки Ҷумҳурии Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар содироту воридоти кишвар мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Барои бозҳам тақвият додани савдои дуҷониба мо метавонем бо таҷрибаи ҷониби туркӣ дар ҳамбастагӣ марказӣ агро-логистикиро дар кишвар сохта ба истифода диҳем, ки ин ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти хушсифат ва мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бандубаст карда, бо нархҳои барои ҳарду ҷониб мусоид, ба бозорҳои сеюм содирот намоем.

Меҳмонон пешниҳоди мазкурро қобили таҷаҷҷӯҳ намуда, ҷиҳати амали гаштани он мусоидати ҳаматрафаи худро баён намуданд. Ҳамзамон, Умут Аҷар қайд намуд, ки ҷонибҳо метавонем бо истифодаи аз таҷрибаи туркӣ дар мавзеъҳои алоҳидаи кишвар баъзе аз маҳсулотҳои кишоварзиро парвариш намуда, онро ба содирот равона намоянд.

Дар охир ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки раванди ҳамкориро идома дода, барои татбиқи амалии ташаббусҳои пешниҳодшуда чораҳои мушаххас андешанд.