Вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

Вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон

5 декабри соли 2025 вохӯрии директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддинзода Баҳриддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Агентии содирот зикр намуданд, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон, ки бевосита аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос мегирад, дар сатҳи олӣ қарор дорад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои муштарак оид ба масъалаҳои баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳои логистикӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак дар самти коркард намудани маҳсулоти кишоварзӣ, содироти нахи пахта, инчунин ташкили намояндагии Агентии содирот дар шаҳри Теҳрон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Инчунин, аз ҷониби Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон маълумоти муфассал доир ба тақвияти гардиши савдо байни ҷонибҳо манзур гардида, қайд намуд, ки солҳои охир ҷониби ҳарду давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии тарафҳо заминаҳои мусоид фароҳам оварда шавад.

Дар маҷмуъ мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуда, ҷонибҳо тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим арзёбӣ намуданд.