Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, сиёсати давлатиро дар соҳаи содирот татбиқ мнамояд.
Фаъолияти Агентӣ ба ташаккул, рушд ва пешбурди низоми ягонаи дастгирии давлатии содирот нигаронида шуда, аз мақсадҳои асосии зерин иборат мебошад:
- мусоидат ба рушди босуботи миқдор ва сифати содироти молу маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсоли ватанӣ ба хориҷи кишвар;
- мусоидат дар баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, ки шароити рақобатпазириро барои молу хизматрасониҳои ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ таъмин менамояд;
- мусоидат ҷиҳати ҷалби харидорони мустақим, миёнравони боэътимод, шабакаҳои фурӯши молҳои яклухт ва дигар шарикони тиҷоратӣ дар кишварҳои хориҷӣ барои фурӯш ва содироти молу хизматрасониҳои истеҳсоли корхонаву ширкатҳои ватанӣ.