ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!!!

ТОҶИКСТАНДАРТ ОГОҲ МЕКУНАД!!!

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва сокинони кишвар расонида мешавад, ки аз партияи маҳсулоти ширкати "Нестле" ба тамғаи NAN, ки дар рӯйхати зер тариқи расм нишон дода шудааст истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидорӣ кардаанд боз пас гардонанд.

Бинобар номутобиқатии маҳсулоти мазкур ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз ҷониби Агентии Тоҷикстандарт ва намояндагони ширкати воридоткунанда фурӯш ва истеъмоли партияи маҳсулоти зикршуда фавран қатъ карда шуда, аз муомилот гирифта мешавад.

Дар робита ба ин масъала кормандони Нозироти савдои Агентӣ бо намояндагони ширкати воридоткунандаи маҳсулоти мазкур корбариро оғоз намудааст, ки аз натиҷааш дар рӯзҳои наздик гузориш хоҳем дод.