Вилояти Суғд
Дар харитаи географии ҷаҳон вилояти Суғд минтақаи шимолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ ёфтааст. Ҳудуди вилоятро асосан кӯҳҳо ташкил медиҳад. Дар шимол каторкуҳҳои Қурама (баландиаш 3769 м) ва Муғул (1624 м) ҷойгир шудааст, ки ба силсилаи кӯҳҳои Тиён-шон дохил мешавад. Самти ҷануби бо силсилакӯҳҳои Туркистон (5509 м), Зарафшон( 5489 м) ва Ҳисор банд мебошад, ки ба силсилаи куҳҳои Ҳисору Олой мансуб аст. Байни силсилакӯҳҳои Қурама ва Туркистон, ғарбии водии Фарғона мавқеъ дорад, ки аз он дарёи Сир мегузарад. Қаторкӯҳҳои Туркистон ва Зарафшонро водии Фарғона аз ҳам ҷудо мекунад.
Дарёҳо — Сирдарё бо ҷорӣ шудани Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва ғайра. Ҳамчунин Зарафшон бо шохобҳояш Фондарё, Кштут, Мағиён, ки дорои пиряхҳои барфӣ буда захираи калони гидроэнергетикӣ дорад ва барои обёрии заминҳо истифода бурда мешавад.
Кӯлҳои калонтарин: Искандаркӯл ва Оқсуқон. Хокҳои қисми ҳамворигӣ-хокистарранги кушод, дар кӯҳҳо хокистарранги тира бартарӣ доранд, ки онҳо тадриҷан ба хокҳои ҷигартоб, хокҳои кӯҳӣ-бешагӣ ва хокҳои марғзории кӯҳӣ иваз мешаванд. Олами рустаниҳои минтақаро рустаниҳои биёбонӣ ва нимбиёбонӣ ташкил медиҳанд; явшан(шибоғ), хори пои уштур, дар водиҳои дарёҳо ба миқдори кам тӯқайзорҳо боқӣ мондаанд.
Дар нишебии қатокӯҳҳо то баландии 1000 м рустаниҳои шибоғу шӯрагиҳо ва дар баландии 1500-1700 м ва зиёдтар аз он рустаниҳои гуногуни кӯҳи ҳастанд. Минтақаҳои субалпӣ ва алпӣ дар баландии 2500-300м ҷойгиранд. Олами ҳайвонот; аз ширхӯрон, рӯбоҳ, шағол, заргӯш, барсук, хуки ёбоӣ, бузи кӯҳӣ, барси барфӣ дида мешаванд. Дар дарёву кӯлҳои вилоят гуломоҳӣ, зағормоҳӣ, лаққамоҳӣ ва бурутмоҳии туркӣ, ширмоҳӣ, зиндагӣ доранд.Иқлимаш хушк. Зимистон на он қадар сард (ҳарорати миёна моҳи январ -1,1), тобистонаш гарм (ҳарорати миёнаи моҳи июл +28); бориши солона -150 мм, дар чойҳо 300 мм дар як сол. Баъзан шамоли гарму хушк мевазад. Дар кӯҳҳо, баландии тахмин 1000 м сардтар (ҳарорати миёнаи моҳи январ -4 ва июл +26), бориш зиёда аз 400мм дар сол; дар баландии 2500 м ҳарорати миёнаи моҳи январ -9, июл +15, бориши солона то 800 мм.