Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
Меню

Academy of Agricultural Sciences of the Tajikistan

Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ҳамчун муассисаи илмию таҳқиқотӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, таҳти №Ф11-173, аз 19 июли соли 1991 ва Қарори Девони Вазирони Ҷумхурии Тоҷикистон, таҳти №294, аз 27 сентябри соли 1991 таъсис ёфта, самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мақсади асосии созмондиҳии Академия баланд бардоштани самаранокии таҳқиқот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии илми кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо бо муассисаҳои соҳавии ватанию хориҷӣ ва таъмини илмии рушди соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мебошад.

Рушди Академия дар давраи Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №790  “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2016-2020” тасдиқ гардида, иҷрои барномаи мазкур ба рушди Академия мусоидат намуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи Академия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2021, №171 “Барномаи давлатии рушди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои 2021-2025” тасдиқ гардид.

Академия ҳамоҳанги таҳқиқоти илми кишоварзӣ дар ҳамаи зерсохторҳои Комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, дар рушди бахшҳои соҳа ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти он нақши бориз дорад. Бо назардошти ин, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 қайд гардидааст «Вазифаи асосии Академияи мазкур тавассути фаъолияти илмӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ ноил гардидан ба дастовардҳои навтарин дар ин самт ва мусоидат ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-ҳифзи амнияти озуқаворӣ мебошад».

 Сохтори нави Академия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.05.2008, №215” тасдиқ гардида, ҳоло дар ҳайати Академия 11 муассисаи илмӣ, аз он ҷумла Институтҳои зироаткорӣ, боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ, хокшиносӣ ва агрохимия, чорводорӣ ва чарогоҳ, тибби ветеринарӣ, масоили амнияти биологӣ ва биотехнология, иқтисодиёт ва таҳқиқи системавии рушди кишоварзӣ, Маркази миллии захираҳои генетикӣ, Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмию таҳқиқотии пиллапарварӣ ва Маркази илмии кишоварзии Помир фаъолият менамоянд. Муассисаҳои илмӣ дорои 24 филиал, стансия ва хоҷагиҳои таҷрибавӣ мебошанд.                                                     Академияи илм­ҳои кишоварзии То­ҷи­кис­тон (минбаъд Академия) муассисаи давлатии худидораи илмӣ буда, дар фаъолияти худ ҳалли масъала­ҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳба­рии илмию методии рушди тадқиқот­ҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи кишоварзӣ, истифодаи пурсамари дастовард­ҳои илм ва тайёр кардани кадр­ҳои илмии баландихтисосро таъмин менамояд.

 Академия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон ва дигар санад­ҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон, ҳамин Оиннома ва санад­ҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии То­ҷи­кис­тон эътирофшударо ба роҳбарӣ мегирад

Суроға: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”

Почтаи электронӣ: taskhn@mail.ru

Тамос: (+992 37) 221-70-04

1
Пресс центр
Meeting with the People's Counselor of Turkmenistan, Gurbanguly BerdimuhamedowMeeting with the People's Counselor of Turkmenistan, Gurbanguly Berdimuhamedow
Meeting of the Government of the Republic of Tajikistan July 31, 2025, 12:26 PM City of DushanbeMeeting of the Government of the Republic of Tajikistan July 31, 2025, 12:26 PM City of Dushanbe
Extended Meeting of the Board of the Academy of Agricultural Sciences of Tajikistan on the Results of the Activities of the AAST Scientific Institutions for the First Six Months of 2025Extended Meeting of the Board of the Academy of Agricultural Sciences of Tajikistan on the Results of the Activities of the AAST Scientific Institutions for the First Six Months of 2025
The Celebration of Tirgon with the Apricot Festival and the Exhibition “Dried Fruits of Tajikistan” Featuring the Participation of the Academy of Agricultural Sciences of Tajikistan and Its Subordinate InstitutionsThe Celebration of Tirgon with the Apricot Festival and the Exhibition “Dried Fruits of Tajikistan” Featuring the Participation of the Academy of Agricultural Sciences of Tajikistan and Its Subordinate Institutions
The Contribution of Young Scientists to the Development of Agricultural Science and the Implementation of Innovative Technologies in ProductionThe Contribution of Young Scientists to the Development of Agricultural Science and the Implementation of Innovative Technologies in Production
Направления
Полезные ссылки
Rectorate of the Academy
“Department of Science, Education, and Scientific Personnel Training”
“Department of Information, Consulting, and Application of Scientific Achievements”
“Auxiliary Department”
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи давраи то соли 2030
2026-04-09T10:37:00Z
“Charter of the Academy of Agricultural Sciences of Tajikistan”
2025-08-21T11:27:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
About Academy
Areas of work
Programs and Projects
Dissertation Council
ICT Reports
International Relations
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал