Меню

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусаллам аст, ки пайдоиши гумруку ташаккулёбии фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳадоти онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд.

Агар ба таърих назар андозем, мебинем, ки ҳанӯз дар асрҳои VII – VI пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдани Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардиданд. Додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун равнақ мегирифт. Аҷдодони мо аз рӯи маҳали ҷойгиршавиашон чун пули пайвасткунандаи миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардумони минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Бевосита корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ мегузаштанд.

Бесабаб нест, ки инкишоф ва равнақи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Бори нахуст боҷу хироҷи сарҳади бо номи «боҷи дарвоза ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд.

Дар давраи давлатдории Сомониён, ки бо низоми хуби идоракунии давлатиаш маъруф буд, бо кишварҳои Аврупову араб, Туркия, Ҳиндустону Хитой робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ барқарор карда шуд. Тоҷирони ин давлатҳо дар Самарқанду Бухоро намояндагиҳои доимӣ доштанд. Дар ин давраҳо навъҳои мухталифи андоз ва боҷу хироҷ ҷорӣ карда шуданд.

Дар тамоми қаламрави Осиёи Миёна ягона гузаргоҳи гумрукии ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ назораткунанда дидбонгоҳи гумрукии Тирмиз буд.

7 апрели соли 1987 Шӯъбаи оперативии назорати гумрукии Панҷи Поён таъсис дода шуд, ки аз ҷиҳати маъмурӣ ба гумруки Тирмиз тобеъ буд.

Роҳбарии воҳидҳои номбурдаи гумрукӣ бевосита аз ҷониби Саридораи давлатии гумруки назди Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ ба амал бароварда мешуд.

Моҳи майи соли 1989 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳайати шахсии он аз 41 нафар иборат буд. Роҳбарии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Саридораи назорати давлатии гумрукии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба амал бароварда мешуд.

Соли 1991 Саридораи назорати давлатии гумрук ба Кумитаи гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ табдил дода шуд, Кодекси гумруки Иттиҳоди Шӯравӣ ва Қонуни Иттиҳоди Шӯравӣ «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул шуданд.

 

Телефон: + (992 37) 221-22-35| 223-26-27| 221-16-92, + 130
 
Факс: + (992 37) 221-46-30
 
Почтаи электронӣ: info@customs.tj
1
Пресс центр
Рафти сафари корӣ дар идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд, дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии ШвейтсарияРафти сафари корӣ дар идораи марказии Барномаи АСИКУДА-и Конференсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба Савдо ва Рушд, дар шаҳри Женеваи Ҷумҳурии Швейтсария
Мулоқоти сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии ЧинМулоқоти сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин
Направления
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Дар бораи гумрук
Фаъолият
Ҳуҷҷатҳо
Маркази матбуот
Тамос
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал