Меню

Комиссияи олии Аттестатсионии назди Президенти Чумхурии Точикистон

Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд - Комиссия) муассисаи ҷумҳуриявии аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмию техникии тахассуси олӣ буда, бо мақсади татбиқи низоми миллии аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, инчунин эътирофи баробарарзиши (нострификатсия)-и ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардаанд, таъсис дода шудааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» аз 18 марти соли 2015 № 1197 ва Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, №270) самтҳои асосии фаъолияти Комиссияро аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ, яъне додани (сарфарозгардони) дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ, таъсиси ШД, нострификатсияи (баробарарзишии) ҳуҷҷатҳо доир ба дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дода шудаанд, азнаваттестатсиякунонӣ, ҳамкории байналмилалӣ оид ба аттестатсияи кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ; таҳия ва тасдиқи шиносномаи ихтисосҳои илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯйи онҳо дараҷа ва унвонҳои илмӣ дода мешаванд; таҳлил ва мониторинги фаъолияти шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ оид ба тайёр намудани кормандони илмӣ ва (ё) илмию техникии тахассуси олӣ; бақайдгирӣ ва таҳияи феҳристи маҷалла (нашрияҳо)-и илмии тақризшаванда, ки дар онҳо натиҷаҳои асосии таҳқиқоти диссертатсионӣ чоп мешаванд ва ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

 

Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, бо мақсади аттестатсияи давлатии кормандони илмӣ ва илмию педагогии тахассусии олӣ таъсис дода шудааст.

Номи кӯтоҳи муассиса Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) мебошад.

Низомномаи КОА бо нишон додани сохтор ва шумораи кормандони он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

КОА дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Низомномаи КОА-ро ба роҳбарӣ мегирад.

Суроғаи ҳуқуқии КОА: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 39 
Факс: (+992 37) 227 55 49 
Почтаи электронӣ: info@vak.tj; koa@vak.tj

1
Пресс центр
НАВРӮЗ - Муаррифгари фарҳанги миллӣНАВРӮЗ - Муаррифгари фарҳанги миллӣ
Направления
Маҳзани маълумоти Комиссия
Маҷаллаи илмӣ-байналмилалии "Фурӯғи ман"
Маҷаллаи илмӣ-байналмилалии "Фуруғи илм" (Бахши илмҳои табиӣ риёзӣ)
Маҳзани ягонаи маҷаллаҳои илмӣ
Маҷаллаи илмӣ-байналмилалии " Фурӯғи илм (Бахши илмҳо дар бораи ҳаёт ва тандурустӣ)"
Китобхонаи электронӣ
Эълон оид ба ҳимояи диссертатсияҳо
Шуроҳои диссертатсионӣ
Маҷаллаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармоишҳо оид ба эътирофи баробарарзишии ҳуҷҷатҳо
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Дар бораи комиссия
Фаолият
Санадҳо
Маркази матбуот
Тамос
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал