
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми майи соли 2026 баён гардидаанд, бо фармоиши дахлдори сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ гурӯҳи корӣ оид ба гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии болоравии беасоси нархҳо таъсис дода шуд.
Гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ 28 майи соли ҷорӣ ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон сафарбар гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки оғоз аз нимаи дуюми моҳи майи соли ҷорӣ камчинии маҳсулоти семент дар бозорҳои ҷумҳурӣ мушоҳида гардида, нархи он рӯ ба афзоиш намуда, аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуданд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешидашудаи якҷояи кормандони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои истеҳсоли семент, вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол омад.
Рафти мониторинги гузаронидашуда дар санаи 29 майи соли ҷорӣ нишон дод, ки нархи як линча семент дар шаҳру ноҳияҳо тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзан ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фуруш гузошта шудааст.
Дар вилояти Суғд нархи як линча семент аз 60 то 65 сомонӣ ва вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо баён гардидани дастуру супоришҳои қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда маҳсулоти семент дар нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳо таъмин гардида истода, нархи семент муътадил гардида истодааст.
Новобаста ба ин, гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолияти худро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ ҷиҳати ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур менамояд.