Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меню

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумита ваколатҳои зеринро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият амалӣ месозад:

- дар якҷоягӣ бо мақомоту идораҳои дахлдор тадқиқоти маҷмӯиро (комплексиро) барои таҳияи минбаъда ва ҳамоҳангсозии иҷрои барномаҳои байниидоравӣ оид ба беҳтар гардонидани вазъи демографӣ ва беҳшавии мавқеи зан мегузаронад;

- фаъолиятро оид ба пайдо ва арзёбӣ кардани роҳҳои навовар ва мубрам дар ҳалли масъалаҳои занон ва оила, ташаккули тафаккури мусбати ҷамъиятӣ вобаста ба мавқеи занон дар ҷомеа ташкил менамояд;

- васоити ахбори оммаро барои пахши иттилоот нисбати мавқеи занон, ҳуқуқу имкониятҳои онҳо, асосҳои баробарҳуқуқии гендерӣ ташвиқи тарзи ҳаёти солим, некӯаҳволии маънавӣ, муносибати масъулиятноки ҷавононро барои барпо намудани оила истифода мебарад;

- фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шарикони байналмилалиро оид ба пешрафти баробарии гендерӣ ва ҳалли масъалаҳои занон ва оила ҳамоҳанг месозад;

- бо мақомоти қонунгузор, мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти иҷроия, ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда ҳамкорӣ менамояд;

- мониторинги иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати пешрафти баробарии гендерӣ татбиқ менамояд;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони дахлдори вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳуриро даъват менамояд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандонро вобаста ба салоҳияти худ сари вақт ва бо сифат баррасӣ намуда, аз натиҷаҳои он ба ҷонибҳои дахлдор иттилоот медиҳад;

- Кумита дар доираи ваколатҳои худ қарорҳо қабул намуда, аз рӯи ташкил ва иҷрои онҳо назорат мебарад;

-омодагии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои соҳибмулкиро нисбати амволи давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, амалӣ менамояд;

- дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳад, таъмин менамояд;

- омодагии касбии кормандони Кумита, бозомӯзии онҳо, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии онҳоро ташкил мекунад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, ҳифз, ба ҳисоб гирифтан ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

- бо тартиби муқарраршуда конгрессҳо, конференсияҳо, семинарҳо, намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад;

- хароҷоти маблағҳое, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъминоти Кумита ва татбиқи вазифаҳои ба он вогузоршуда пешбинӣ гардидаанд,  тибқи муқаррарот анҷом медиҳад;

  1. 2. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита ҳуқуқ дорад;

- бо тартиби муқарраргардида маълумоти барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият зарурро дархост намояд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳот диҳад;

- бо тартиби мавҷуда барои омӯхтани масъалаҳои муқарраргардидаи фаъолият ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилот, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;

- мақомоти ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва экспертӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо) аз ҷумла байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳад;

- бо тартиби муқарраршуда барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳнкунии дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият бо васоити ахбори омма ҳамкорӣ мекунад;

-дигар ҳуқуқҳоро дар доираи муқаррароти Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад.

Суроға: ш Душанбе, кучаи Академикҳо Раҷабовҳо 3

Қабулгоҳ: (992 37)221-34-71

Факс:(992 37)227-17-41

1
Пресс центр
Вохӯрии гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолони ноҳияи ФирдавсӣВохӯрии гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ
“CHAKAN HOUSE”. Ифтитоҳи маркази дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара“CHAKAN HOUSE”. Ифтитоҳи маркази дӯзандагӣ дар Донишгоҳи давлатии Данғара
Вохӯрии гурӯҳи "Таблиғгарони Истиқлол" бо фаъолзанони ноҳияи ДанғараВохӯрии гурӯҳи "Таблиғгарони Истиқлол" бо фаъолзанони ноҳияи Данғара
Боздиди гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулнур»-и шаҳри НоракБоздиди гурӯҳи «Таблиғгарони Истиқлол» аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулнур»-и шаҳри Норак
"ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ". Гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо сокинони  ноҳияи Шаҳринав вохӯрӣ намуданд"ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ". Гурӯҳи тарғиботӣ-ташвиқотӣ бо сокинони ноҳияи Шаҳринав вохӯрӣ намуданд
Направления
Мубориза бар зидди зуроварӣ дар оила
Полезные ссылки
Раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати кор бо оила
Раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Шуъбаи ташкилӣ
Бахши коргузорӣ ва назорат
Бахши банақшагирӣ ва муҳосибот
Шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо
Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шаҳри Душанбе
Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоот
Документы
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА
2025-08-11T11:02:00Z
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030
2025-08-11T11:09:00Z
Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон
2025-08-11T11:26:00Z
Вакансии
Календарь событий
2025-04-24
23 апрели соли 2025 мониторинги грант дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир гардид.
2025-04-24
Вохӯрии намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони Хазинаи кӯдаконаи Созмони Милали Муттахид (UNICEF) оид ба амалӣ намудани баробарии гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
2025-04-24
СУРАТГУЗОРИШ: Баргузории аксияи "Тоҷикона мепӯшем" дар ноҳияи Ванҷ
Услуги
Слайды
Страницы
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Фаъолият
Дар бораи Кумита
Санадҳо
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал