
Соли 1932 дар ҳайати Академияи умумииттифоқии илмҳои кишоварзии ба номи В.И. Ленин – ВАСХНИЛ, бо қарори Комиссариати халқии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, Институти илмӣ-таҳқиқотии Осиёи Миёнагии меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд.
Моҳи октябри соли 1956 бо қарори махсуси КМ КПСС ва Шӯрои Вазирони СССР, ду институт – Институти илмӣ-таҳқиқотии хоҷагиҳои меваю ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ ва Институти илмӣ-таҳқиқотии умумииттифоқии субтропикии хушк якҷоя карда шуда, дар назди Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон Институти илмӣ-таҳқиқотии боғпарварӣ, токпарварӣ ва зироатҳои субтропикии ба номи И.В. Мичурин таъсис ёфт.
Соли 1978 дар заминаи шуъбаҳои боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва селексияи зироатҳои субтропикии Институти илмӣ-таҳқиқотии зироаткории Тоҷикистон, Институти илмӣ-таҳқиқотии боғдорӣ, токпарварӣ ва сабзавоткории Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Соли 1987 дар натиҷаи якҷоя намудани Институти илмӣ-таҳқиқотии боғпарварӣ, токдорӣ ва сабзавотпарварии Тоҷикистон бо шабакаи хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ, Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии (ИИИ) «Боғпарвар» таъсис ёфт.
Моҳи майи соли 2008 ИИИ «Боғпарвар» Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, №487 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 майи соли 2008, №215», номи институт дар таҳрири Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткорӣ тасдиқ гардид.
Олимони институт дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми калон дошта, ҷиҳати амалигардонии барномаҳои ҳукуматӣ раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотиро доир ба рушди соҳа ба роҳ монда, дар офариниши навъҳои нави серҳосилу ба касалию ҳашаротҳо устувор, коркард ва такмили технологияҳои навин, дар иҷрои барномаҳои давлатӣ саҳми босазо гузошта истодаанд.
Барои татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар амал, дар институт 9 шуъба, 1 озмоишгоҳ, 1 филиал, 2 стансияҳои минтақавӣ, 2 хоҷагии таҷрибавӣ ва 4 пойгоҳ фаъолият менамоянд. Вазифаи асосии онҳо иборат аст аз:
– офариниши навъҳои нав,
– ҷудо кардан ва ба Комиссияи давлатии озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридан,
– ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот,
– пурра кардани навъҳои ноҳиябандишуда,
– офаридани навъҳои устувор ба касалиҳо,
– такмил додани технологияи парвариши минтақавии токзор,
– такмили усулҳо ва технологияи парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда,
– офаридани навъҳои серҳосили босифат ва ба касалию ҳашаротҳо устувори зироатҳои сабзавотӣ,
– тухмипарварии картошка ва таҳияи силсилаи чораҳои ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот.
Офариниши навъҳои нави дарахтони мевадиҳанда, ангур ва зироатҳои сабзавотии серҳосилу ба касалию тағйирёбии иқлим устувор, ҷорӣ намудани онҳо дар истеҳсолот, такмили навъҳои ноҳиябандишуда, коркард ва такмили технологияҳои парвариши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ток, тухмипарварии зироатҳои сабзавотӣ ва картошка, инчунин таҳияи силсилаи чораҳои ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот мебошад.
Суроға: 734025 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 21 “А”.
Телефон: (+992-37) 221-54-43
E-mail: bogparvar@mail.ru