СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олип Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, № 7, қ.1, мод. 379; с. 2015, № 3, мод. 197, № 7-9, мод. 697)
Қонуни конститутсионии мазкур тартиби ташкил ва фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурофиаи судии конститутсионӣ, инчунин дигар муносибатҳои вобаста ба фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 18.03.2015 № 1175).
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мустақили ҳокимияти судӣ оид ба назорати конститутсионӣ буда, бо мақсади таъмини волоият ва амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409, аз 23.12.2021 №1806).
2. Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, адолати судии конститутсиониро амалӣ менамояд (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 23.12.2021 №1806).
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад (Қонуни конститутсионии ҶТ аз 30.05.2017 № 1409).
Моддаи 3. Баробарии ҳама дар назди қонун ва суд
Адолати судӣ аз тарафи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк амалӣ карда мешавад.
Моддаи 4. Баробарҳуқуқии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 5. Тартиби баррасии парвандаҳо дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Баррасии парвандаҳо, қабули санадҳои судӣ, баррасии масъалаҳои боздошти ваколатҳои судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои пешбининамудаи Қонуни конститутсионии мазкур дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ дар ҳайати на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии судяҳо сурат мегирад.
2. Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти овозҳои судяҳои дар мурофиаи судӣ иштирокдошта қабул карда мешаванд.
Моддаи 6. Доираи ҳалли парванда дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо масъалаҳои ҳуқуқро муайян ва ҳал менамояд.