Меню

Исполнительные органы государственной власти города Кулоб

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Солҳои 1921-1924 минтақаи Кӯлоб аз тарафи Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ идора кардамешуд. Соли 1923 нахустин бор дар вилояти Кӯлоб интихоботи мақомоти Халқии Ҳокимияти Шӯравӣ (аз оқсақолҳои деҳот сар карда то Кумитаи иҷроияи вилоятӣ)гузаронида шуд. Дар Анҷумани нахустини шӯроҳои намояндагони коргарону деҳқонон (1-6 ноябри соли 1926) раёсати шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб гардид, ки он баА.Алиев, Бобо Саид, Доброволский ва И.Қурбонов шомил шуданд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагон 15 нафар аъзо дошт ( раис Бобо Саид). То нимаи дуюми соли1926 вазифаву мансабҳои пешин, аз қабили муфтӣ, раис, қозӣ, арбоб, вакил, аминачӣ боқӣ монда буданд. Дар баробари ин дар тарзи идоракунӣ сохторҳоинав-вилоят, туман, кент, шӯроҳои ҷамоат ҷорӣ карда мешуданд, ки аз ҷониби
кумитаҳои инқилобӣ идора мегардиданд. Бештари роҳбарони ин сохторҳо муздуронисобиқ буданд. Нахустин сардорони кумитаҳои инқилобии ноҳияҳои Кӯлобу Мӯъминобод С.Назаров, Бобо саид, Балҷувон Шаҳобуддин Тоиров, Ховалинг Мирзотӯра Раҳимов буданд.
Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон 7 июни соли 1926дар бораи гузариш ба воҳидҳои нави маъмурӣ- ноҳияҳо ва ҳавзаҳо қарор қабул кард. Гузариш ба секторҳои нав соли 1929 оғоз ёфт. Дар ҳайати Кумитаи иҷроияиШӯрои намояндагони шаҳр ва вилояти Кӯлоб дар соли 1927 чунин шӯъбаҳо таъсис дода шуданд: милисаи халқӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, молия, савдо ва хӯрокиумумӣ. Дар ибтидои соли 1928 КИМ ШКХ ҶМШС Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии худро дар шаҳри Кӯло гузаронид. Яке аз мақсадҳои асосии қабуличунин қарор кӯмаку дастгирӣ кардани Кумитаи иҷроияи шаҳру вилояти Кӯлоб буд.
Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дар солҳоиҳокимияти Шӯравӣ: Бобо Саид (1923-1926) С. Назаров (1943-1944), С.Ризоев (1944-1946), А. Абдулхайров (1946-1947), О. Юнусов (1948-1949), К.Кунавин(1950-1951), Р.Розиқов (1951-1953) А. Боиро (1953-1954), Х. Бобоҷонов
(1955-1956), М. Вайсов (1957) М.Ҷумъаев 91957-1958), М. Бекматов (1958-1960), К. Бобохонов (1960-1964), О. Сарварова (1964-1974) Ҳ. Шарифов (1974-1975) У.
Аҳроров (1975-1981) Т. Ғозиев (1982-1987), А. Мирзоев (1987-1988), Б. Мирзоев(1988-1990).

Адрес: Республика Таджикистан, Хатлонская область, город Кулоб
      проспект Исмоили Сомони

Контакт: +(992) 833-222-22-33

Электронная почта: kulob_matbuot@mail.ru

 

1
Пресс центр
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд  Октябр 5, 2026   5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт.  Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода доданд.  Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.  Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст.  Дар корхона бо истифода аз хатҳои технологии муосир марҳилаҳои асосии истеҳсол ва бастабандии маҳсулот ба роҳ монда шудаанд.  Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Аҳмадзода бунёд гардида, бо оғози фаъолияти он 120 ҷойи корӣ муҳайё гаштааст.  Зимни муаррифии корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 15 намуди маҳсулот имконият медиҳад доираи маҳсулоти пешниҳодшаванда васеъ гардида, талаботи бозори дохилӣ ба нӯшокиҳои истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин карда шавад.  Ба истифода додани корхона дар баробари зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб замина фароҳам меорад.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки иқтидорҳои истеҳсолии корхона самаранок истифода гардида, ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯи маҳсулот минбаъд зиёд карда шавад.  Таъкид гардид, ки ба сифати маҳсулот, риояи талаботи технологӣ ва санитарӣ, истифодаи самараноки таҷҳизот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.  Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабно бо иқтидори истеҳсоли 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз, 15 намуди маҳсулот ва 120 ҷойи корӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ талош меварзад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд Октябр 5, 2026 5 октябр сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабноро ба истифода доданд. Корхона дар масоҳати 7 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, бо хатҳои технологии муосир муҷаҳҳаз мебошад. Иқтидори истеҳсолии он 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли 15 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Дар корхона бо истифода аз хатҳои технологии муосир марҳилаҳои асосии истеҳсол ва бастабандии маҳсулот ба роҳ монда шудаанд. Корхона бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Ҷамшед Аҳмадзода бунёд гардида, бо оғози фаъолияти он 120 ҷойи корӣ муҳайё гаштааст. Зимни муаррифии корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки истеҳсоли 15 намуди маҳсулот имконият медиҳад доираи маҳсулоти пешниҳодшаванда васеъ гардида, талаботи бозори дохилӣ ба нӯшокиҳои истеҳсоли ватанӣ бештар таъмин карда шавад. Ба истифода додани корхона дар баробари зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Кӯлоб замина фароҳам меорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки иқтидорҳои истеҳсолии корхона самаранок истифода гардида, ҳаҷми истеҳсолот ва номгӯи маҳсулот минбаъд зиёд карда шавад. Таъкид гардид, ки ба сифати маҳсулот, риояи талаботи технологӣ ва санитарӣ, истифодаи самараноки таҷҳизот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Мабно бо иқтидори истеҳсоли 32 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз, 15 намуди маҳсулот ва 120 ҷойи корӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ талош меварзад.
Ифтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб 04.10.2026 Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид. Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст. Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонву содиқона хизмат намоядИфтитоҳи қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб 04.10.2026 Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб иншооти дигари тозабунёд дар маркази шаҳри Кӯлоб мебошад, ки 4 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид. Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ин бинои бисёрошёна барои кормандони 20 шуъба ва гурӯҳҳои 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоб шароити муосири хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва бо истифодаи масолеҳи босифати сохтмонӣ бунёд шуда, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба кормандони ин мақомот гардид. Дар ин ҷо барои мутахассисони шуъбаву гурӯҳҳо ҳуҷраҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, ҳуҷраи хоб ва дигар шароити зарурӣ таъмин шудааст. Қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати кишвар аз ҷониби Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилӣ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дорои маҷлисгоҳи барҳаво бо 354 курсӣ, ошхона, меҳмонхона, толори варзиш, таваққуфгоҳ ва дигар ҷойҳои зарурӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандони соҳа, онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар замони ҷаҳонишавӣ бояд ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳушёру зирак бошад, донишу малакаи худро сайқал диҳад, дар роҳи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ софдилонву содиқона хизмат намояд
Ифтитоҳи раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 04.10.2026 Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии сохтмон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилафрӯз дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шудааст. Тибқи лоиҳа дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд.    Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ андешанд. Дар бомпӯши бинои навсохти соҳаи ҳифзи муҳити зист панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 килловатт насб карда шудааст, ки тамоми фасли сол биноро бо неруи барқи доимӣ таъмин мекунад.  То ин вақт кормандони Раёсат дар бинои солҳои 50-уми асри гузашта бунёдшуда, фаъолият мекарданд, ки шароити кории он ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бо ифтитоҳи иншооти нав корманди Раёсат, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳад, фаъолиятро дар бинои муосиру дорои шароити хуби корӣ идома дода, донишу малакаи худро дар рушди соҳа сарф менамоянд.  Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Роҳбари давлат барномаҳои нави самти рақамикунонии соҳа, ки дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ шудааст, муаррифӣ гардид.   Иттилоъ дода шуд, ки таҳияи шакли нави барномаҳои Назорат, Экомеп, Маркази тамос, Дидбонгоҳи отмосферӣ ва Рақамикунонии замини Тоҷикистон бо зеҳни сунъӣ, сифати корҳои назоратӣ ва сатҳи хизматрасониро ба мутахассисону шаҳрвандон ба маротиб осон намудааст. Бо барномаи электронии Назорат нозир ва ё масъулини дахлдор имкон пайдо мекунанд, ки ҳангоми ошкор шудани қонуншиканиҳои экологӣ, маҳалли воқеъшавии ҳодисаро тавассути геолокатсия муайян намуда, маълумоти лозимаро дар шакли электронӣ сабт ва протоколи электронӣ таҳия намояд. Барномаи Экомеп бошад, чун пойгоҳи ягонаи маълумоти экологӣ хизмат намуда, маълумоти муҳими соҳаро дар шакли муназзам ва рақамӣ муттаҳид месозад.  Ҳоло фаъолияти Маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 2122 ба роҳ монда шуда, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз ҳолатҳои эҳтимолии вайрон гардидани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист хабар дода, муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд. Ин иқдом қадами муҳими самти рақамикунонии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, барои такмили низоми идоракунии иттилооти экологӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.Ифтитоҳи раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб 04.10.2026 Дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор дода, бо шароити он шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пудратчии сохтмон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Дилафрӯз дар муҳлати қариб 5 сол бо ҷалби 45 коргари маҳаллӣ сохта шудааст. Тибқи лоиҳа дар бинои навсохт шуъбаю бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсат, маркази рақамикунонӣ ва инноватсионии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, маҷлисгоҳ бо 110 курсӣ, 25 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири техникӣ, озмоишгоҳ, китобхона, меҳмонхона бо 6 ҳуҷраи хоб, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ таъмин ҳастанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёди чунин иншооти замонавиро дар маркази шаҳри Кӯлоб барои рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки барои анҷоми босифати корҳои назоратӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи «Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ андешанд. Дар бомпӯши бинои навсохти соҳаи ҳифзи муҳити зист панелҳои офтобӣ бо иқтидори 36 килловатт насб карда шудааст, ки тамоми фасли сол биноро бо неруи барқи доимӣ таъмин мекунад. То ин вақт кормандони Раёсат дар бинои солҳои 50-уми асри гузашта бунёдшуда, фаъолият мекарданд, ки шароити кории он ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд. Бо ифтитоҳи иншооти нав корманди Раёсат, ки наздики 50 нафарро ташкил медиҳад, фаъолиятро дар бинои муосиру дорои шароити хуби корӣ идома дода, донишу малакаи худро дар рушди соҳа сарф менамоянд. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Роҳбари давлат барномаҳои нави самти рақамикунонии соҳа, ки дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” (2025-2030) аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист амалӣ шудааст, муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки таҳияи шакли нави барномаҳои Назорат, Экомеп, Маркази тамос, Дидбонгоҳи отмосферӣ ва Рақамикунонии замини Тоҷикистон бо зеҳни сунъӣ, сифати корҳои назоратӣ ва сатҳи хизматрасониро ба мутахассисону шаҳрвандон ба маротиб осон намудааст. Бо барномаи электронии Назорат нозир ва ё масъулини дахлдор имкон пайдо мекунанд, ки ҳангоми ошкор шудани қонуншиканиҳои экологӣ, маҳалли воқеъшавии ҳодисаро тавассути геолокатсия муайян намуда, маълумоти лозимаро дар шакли электронӣ сабт ва протоколи электронӣ таҳия намояд. Барномаи Экомеп бошад, чун пойгоҳи ягонаи маълумоти экологӣ хизмат намуда, маълумоти муҳими соҳаро дар шакли муназзам ва рақамӣ муттаҳид месозад. Ҳоло фаъолияти Маркази тамос бо рақами кӯтоҳи 2122 ба роҳ монда шуда, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути он аз ҳолатҳои эҳтимолии вайрон гардидани талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист хабар дода, муроҷиатҳои худро пешниҳод намоянд. Ин иқдом қадами муҳими самти рақамикунонии фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист буда, барои такмили низоми идоракунии иттилооти экологӣ, баланд бардоштани шаффофият ва рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 04.10.2026  4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд. Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 04.10.2026 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд. Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст. Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.
Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 04.10.2026 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд. Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 04.10.2026 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд. Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд. Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.
Направления
Безопасность и законность
Сотрудничество и инвестиции
Экономика и соцсфера
Предпринимательство
Бюджет и финансы
Полезные ссылки
Отдел образования
Отдел культуры
Департамент сельского хозяйства
Отдел по делам женщин и семьи
Секретарь органов опеки и попечительства
Отдел экономики, торговли и мониторинга
Отдел строительства и архитектуры
Промышленность, энергетика и транспорт-коммуникации
Инвестиционный сектор Управление государственной собственностью
Документы
Конституция Республики Таджикистан
2025-12-18T09:34:00Z
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи давраи то соли 2030
2026-04-09T11:03:00Z
ГЛАВА 3. ПОЛНОМОЧИЯ И ДЕЯТЕЛЬНОСТЬ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ ГОРОДНО-БАДАХШАНСКОЙ АВТОНОМНОЙ ОБЛАСТИ, ОБЛАСТИ, ГОРОДА ДУШАНБЕ, ГОРОДА И РАЙОНА
2025-12-18T09:31:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Документы
Пресс-Центр
Контакты
Деятельность
О Органе
Письмо в органы власти
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал