Меню

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Солҳои 1921-1924 минтақаи Кӯлоб аз тарафи Комиссияи фавқулодаи диктаторӣ идора кардамешуд. Соли 1923 нахустин бор дар вилояти Кӯлоб интихоботи мақомоти Халқии Ҳокимияти Шӯравӣ (аз оқсақолҳои деҳот сар карда то Кумитаи иҷроияи вилоятӣ)гузаронида шуд. Дар Анҷумани нахустини шӯроҳои намояндагони коргарону деҳқонон (1-6 ноябри соли 1926) раёсати шӯрои вилояти Кӯлоб интихоб гардид, ки он баА.Алиев, Бобо Саид, Доброволский ва И.Қурбонов шомил шуданд. Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагон 15 нафар аъзо дошт ( раис Бобо Саид). То нимаи дуюми соли1926 вазифаву мансабҳои пешин, аз қабили муфтӣ, раис, қозӣ, арбоб, вакил, аминачӣ боқӣ монда буданд. Дар баробари ин дар тарзи идоракунӣ сохторҳоинав-вилоят, туман, кент, шӯроҳои ҷамоат ҷорӣ карда мешуданд, ки аз ҷониби
кумитаҳои инқилобӣ идора мегардиданд. Бештари роҳбарони ин сохторҳо муздуронисобиқ буданд. Нахустин сардорони кумитаҳои инқилобии ноҳияҳои Кӯлобу Мӯъминобод С.Назаров, Бобо саид, Балҷувон Шаҳобуддин Тоиров, Ховалинг Мирзотӯра Раҳимов буданд.
Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон 7 июни соли 1926дар бораи гузариш ба воҳидҳои нави маъмурӣ- ноҳияҳо ва ҳавзаҳо қарор қабул кард. Гузариш ба секторҳои нав соли 1929 оғоз ёфт. Дар ҳайати Кумитаи иҷроияиШӯрои намояндагони шаҳр ва вилояти Кӯлоб дар соли 1927 чунин шӯъбаҳо таъсис дода шуданд: милисаи халқӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, молия, савдо ва хӯрокиумумӣ. Дар ибтидои соли 1928 КИМ ШКХ ҶМШС Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки ҷаласаи навбатии худро дар шаҳри Кӯло гузаронид. Яке аз мақсадҳои асосии қабуличунин қарор кӯмаку дастгирӣ кардани Кумитаи иҷроияи шаҳру вилояти Кӯлоб буд.
Роҳбарони Кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб дар солҳоиҳокимияти Шӯравӣ: Бобо Саид (1923-1926) С. Назаров (1943-1944), С.Ризоев (1944-1946), А. Абдулхайров (1946-1947), О. Юнусов (1948-1949), К.Кунавин(1950-1951), Р.Розиқов (1951-1953) А. Боиро (1953-1954), Х. Бобоҷонов
(1955-1956), М. Вайсов (1957) М.Ҷумъаев 91957-1958), М. Бекматов (1958-1960), К. Бобохонов (1960-1964), О. Сарварова (1964-1974) Ҳ. Шарифов (1974-1975) У.
Аҳроров (1975-1981) Т. Ғозиев (1982-1987), А. Мирзоев (1987-1988), Б. Мирзоев(1988-1990).

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб

               хиёбони Исмоили Сомонӣ

Тамос: +(992) 833-222-22-33

Почтаи электронӣ: kulob_matbuot@mail.ru

 

1
Пресс центр
26.05.2026 СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА МУАРРИФИИ НАҚШАЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 ДАР МАРҲИЛАИ ДУЮМ (СОЛҲОИ 2026-2030) БО МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТУ КОРХОНАҲО ВА ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРУ НАВОҲИИ ҲУДУДИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ АЗ ҶОНИБИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар кори  семинар муовини раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашӯрбой, раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия  Акмалзода Нодирхон Носир, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковники адлия Аламшозода Фозилҷон Муҳаммадовуд ва нозири калони муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Абдуллозода Одил Тоҳир иштирок ва баромад намуданд.  Ҳадаф аз баргузории ин семинари омӯзишӣ баҳри баланд бардории сатҳи огоҳии мардум, таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия ва амали намудани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ба рақамикунонии соҳаҳои гуногуни кишвар, аз байн барии омилу шароити  ба коррупсия мусоидаткунанда, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва баланд бардоштани мавқеи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шуда, дар сурати амалии веқеии он ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд. Бинобар ин, аз тамоми масъулини соҳаҳои гуногуни кишвар даъват ба амл меорем, ки ҷиҳати таъмини самараноки иҷрои бандҳои он чораҳои судмандро амали намуда, ба ин васила дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти муборизаи молиявӣ саҳмгузор бошанд.26.05.2026 СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВОБАСТА БА МУАРРИФИИ НАҚШАЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 ДАР МАРҲИЛАИ ДУЮМ (СОЛҲОИ 2026-2030) БО МАСЪУЛИНИ МАҚОМОТУ КОРХОНАҲО ВА ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ ШАҲРУ НАВОҲИИ ҲУДУДИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ АЗ ҶОНИБИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар кори семинар муовини раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Ашӯрбой, раиси шаҳри Кӯлоб Пирзода Диловар, сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Акмалзода Нодирхон Носир, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб полковники адлия Аламшозода Фозилҷон Муҳаммадовуд ва нозири калони муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон капитани адлия Абдуллозода Одил Тоҳир иштирок ва баромад намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин семинари омӯзишӣ баҳри баланд бардории сатҳи огоҳии мардум, таҳкими арзишҳои зиддикоррупсионӣ, ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат бо коррупсия ва амали намудани ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар ин самт ба ҳисоб меравад. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) ба рақамикунонии соҳаҳои гуногуни кишвар, аз байн барии омилу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва баланд бардоштани мавқеи давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ равона шуда, дар сурати амалии веқеии он ба натиҷаҳои назаррас ноил хоҳем шуд. Бинобар ин, аз тамоми масъулини соҳаҳои гуногуни кишвар даъват ба амл меорем, ки ҷиҳати таъмини самараноки иҷрои бандҳои он чораҳои судмандро амали намуда, ба ин васила дар амалӣ намудани ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти муборизаи молиявӣ саҳмгузор бошанд.
ДАВРИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД Нақши Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футболро ҳамчун василаи пешбурди тарзи ҳаёти солим ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо, мунтазам иншооти нави замонавии варзишӣ, майдончаҳо ва маҷмааҳои футболӣ бунёд карда мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Футбол ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ миллионҳо одамонро муттаҳид мекунад ва ба ҳамгироии иҷтимоӣ, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд. Дар соли 2024 Ассамблеяи Генералии СММ 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда, аввалин шуда садсолагии мусобиқаи байналмилалии футболро, ки дар доираи Бозиҳои олимпии соли 1924 дар Париж баргузор шуда буд, ҷашн гирифт. Ин ташаббус нақши футболро дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), аз қабили таҳкими саломатӣ, баробарӣ ва шарикӣ таъкид мекунад. Дар Тоҷикистон футбол ҷойгоҳи худро дорад ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ дар рушди он нақши беназир дорад. Футболи хурд (мини-футбол) яке аз намудҳои оммавӣ ва дӯстдоштаи варзиш дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар сатҳи маҳаллаҳо, донишгоҳҳо, идораҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим фаъолона рушд карда истодааст. Рушди футболи хурд ва оммавӣ қисми муҳими "Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад. Ин барномаҳо ба он нигаронида шудаанд, ки шавқу шӯри кӯдакон ва калонсолон ба варзиш дастгирӣ ёфта, шароити мусоид барои бозиҳои дастаҷамъӣ фароҳам оварда шавад. Мусобиқаи кушоди шаҳри Кӯлоб оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои олии касбии шаҳр барои дарёфти ҷоми Раиси шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироку суханронии раиси шаҳр муҳтарам Пирзода Диловар ифтитоҳ гардид. Даври ниҳоии финали мусобиқа барои ҷойҳои якуму дуюм байни дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб бо дастаи Собиқадорони тими Равшани Кӯлоб  шуда гузашт, ки барандаи ҷои якум барои гирифтани Ҷоми риси шаҳр ва медалҳои тиллою сипоснома дастаи футболбозони Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баъди бурдани бозӣ ноил гаштанд. Ҳамчунин дастаи собиқадорони тими Равшани Кӯлоб соҳиби ҷои дуюм бо сазовор шудан ба медалҳои нуқраю сипосномаҳо ва ҷои сеюм бошад насиби дастаи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ ва сипосномаҳо гардиданд.ДАВРИ ФИНАЛИИ МУСОБИҚАИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД Нақши Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон футболро ҳамчун василаи пешбурди тарзи ҳаёти солим ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ дастгирӣ мекунад. Дар сатҳи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо, мунтазам иншооти нави замонавии варзишӣ, майдончаҳо ва маҷмааҳои футболӣ бунёд карда мешаванд, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Футбол ҳамчун як падидаи ҷаҳонӣ миллионҳо одамонро муттаҳид мекунад ва ба ҳамгироии иҷтимоӣ, сулҳ ва рушди устувор мусоидат менамояд. Дар соли 2024 Ассамблеяи Генералии СММ 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда, аввалин шуда садсолагии мусобиқаи байналмилалии футболро, ки дар доираи Бозиҳои олимпии соли 1924 дар Париж баргузор шуда буд, ҷашн гирифт. Ин ташаббус нақши футболро дар расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ), аз қабили таҳкими саломатӣ, баробарӣ ва шарикӣ таъкид мекунад. Дар Тоҷикистон футбол ҷойгоҳи худро дорад ва муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе, раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи марказӣ дар рушди он нақши беназир дорад. Футболи хурд (мини-футбол) яке аз намудҳои оммавӣ ва дӯстдоштаи варзиш дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар сатҳи маҳаллаҳо, донишгоҳҳо, идораҳои давлатӣ ва хусусӣ бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим фаъолона рушд карда истодааст. Рушди футболи хурд ва оммавӣ қисми муҳими "Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" мебошад. Ин барномаҳо ба он нигаронида шудаанд, ки шавқу шӯри кӯдакон ва калонсолон ба варзиш дастгирӣ ёфта, шароити мусоид барои бозиҳои дастаҷамъӣ фароҳам оварда шавад. Мусобиқаи кушоди шаҳри Кӯлоб оид ба футболи хурд байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва муассисаҳои олии касбии шаҳр барои дарёфти ҷоми Раиси шаҳри Кӯлоб бахшида ба таҷлили “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” бо иштироку суханронии раиси шаҳр муҳтарам Пирзода Диловар ифтитоҳ гардид. Даври ниҳоии финали мусобиқа барои ҷойҳои якуму дуюм байни дастаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб бо дастаи Собиқадорони тими Равшани Кӯлоб шуда гузашт, ки барандаи ҷои якум барои гирифтани Ҷоми риси шаҳр ва медалҳои тиллою сипоснома дастаи футболбозони Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баъди бурдани бозӣ ноил гаштанд. Ҳамчунин дастаи собиқадорони тими Равшани Кӯлоб соҳиби ҷои дуюм бо сазовор шудан ба медалҳои нуқраю сипосномаҳо ва ҷои сеюм бошад насиби дастаи Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ ва сипосномаҳо гардиданд.
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 26 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии прокурори шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи «Ҳолати риояи қонунгузорӣ ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои бисёрошёна, тартиби танзими раванди сохтмон, назорати иҷрои меъёрҳои шаҳрсозӣ, талаботи техникӣ ва бехатарӣ, инчунин қонуният ва шаффофияти қабули биноҳои истиқоматӣ ба истифода дар солҳои 2024, 2025 ва шаш моҳи соли 2026» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд. Зимни ҷаласа оид ба камбудиҳои ошкоргардида, сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён фикру пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа бо мақсади таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, инчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони мақомоти масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ 26 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳри Кӯлоб таҳти роҳбарии прокурори шаҳри Кӯлоб ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси шаҳри Кӯлоб, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷараёни ҷаласа масъалаи «Ҳолати риояи қонунгузорӣ ҳангоми ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои бисёрошёна, тартиби танзими раванди сохтмон, назорати иҷрои меъёрҳои шаҳрсозӣ, талаботи техникӣ ва бехатарӣ, инчунин қонуният ва шаффофияти қабули биноҳои истиқоматӣ ба истифода дар солҳои 2024, 2025 ва шаш моҳи соли 2026» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд. Зимни ҷаласа оид ба камбудиҳои ошкоргардида, сабабу омилҳои ба онҳо мусоидаткунанда ва роҳҳои бартараф намудани онҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён фикру пешниҳодҳои мушаххас иброз гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа бо мақсади таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор, инчунин пешгирии қонунвайронкуниҳо, қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба роҳбарони мақомоти масъул супоришҳои мушаххас дода шуданд.
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 29 СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва ҷавҳари давлатдории навини тоҷикон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик табдил ёфтааст. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи сулҳу субот, сарҷамъӣ ва пешрафти устувори ҷомеаи мо мебошад. Мояи ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арзёбии саҳми сокинони шаҳри Кӯлоб дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Барои мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ, бахусус, ҷашни истиқлолият арзишу қимати беандоза дорад. Зеро барои ҳифзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон, расидан ба сулҳу субот, ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сокинони ин шаҳр баробари дигар ҳамватанони азизамон намунаи корнамоиву диловарӣ нишон дода, ҷонбозиҳои зиёд карданд ва аз ҳама бештар талафоти ҷониву моддӣ доданд». Ин таъкиди пурҳикмати Пешвои миллат бозгӯи ҳақиқати таърихист. Зеро мардуми сарбаланди Кӯлоб дар солҳои ҳассоси давлатсозӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва барқарории сулҳу оромӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди Ватан мебошад. Ин арзиши муқаддас аз лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то ба имрӯз ҳамчун пайвандгари наслҳо, таҳкимбахши давлатдорӣ ва омили муҳими рушди ҷомеа хизмат мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳамеша ваҳдату ҳамдилиро асоси бақои миллат ва пойдории давлат медонист. Сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб низ бо илҳом аз ниёи бо фазлу дониш дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ бо ҷасорату матонат ва садоқати худ ба Ватан намунаи ибрат нишон додаанд. Бо таъкиди Пешвои миллат: «Матонату ҷасорат ва ҷонфидоии ҳамватанони азиз, аз ҷумла фарзандони далеру шуҷоъ ва бонангу номуси ин шаҳр буд, ки пеши роҳи парокандагии миллати тоҷик ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон гирифта шуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат фазои мусоид муҳайё гардид». Имрӯз идомаи ҳамин анъанаҳои неки ватандӯстӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми бештар гузорем. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба яке аз пояҳои асосии худшиносӣ, сарҷамъӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Далели равшани эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат он аст, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Қабули ин санади муҳим, ки солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон менамояд, бори дигар собит сохт, ки таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдат ва оштии миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо барои мардуми кишвар, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи арзишманд ва илҳомбахш эътироф гардидааст.  Бешубҳа, ин дастоварди таърихӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофарини Пешвои миллат буда, мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.  Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ҷашни сулҳу субот, амният ва созандагӣ мебошад. Маҳз баъди барқарор гардидани сулҳу ризоият барои рушди иқтисодиёт, ободонии шаҳру деҳот, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ дар баробари халқи азизи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва Ватани соҳибихтиёр ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди инфрасохтори замонавӣ камари ҳиммат бастанд. Имрӯз низ ин анъанаи неки созандагӣ идома дошта, ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки дар пешрафту ободии диёр саҳми арзандаи худро гузорад. Аз тамоми сокинон, соҳибкорон ва заҳматкашони шаҳр даъват ба амал меорам, ки аз фазои орому осудаи кишвар самаранок истифода намуда, барои рушди иқтисодиёт, фаровонии маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саъю кӯшиши бештар намоянд. Ҳамзамон, моро мебояд суннатҳои неки ваҳдатро тавассути тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳаллаву кӯчаҳо, вусъат бахшидани корҳои сабзкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ боз ҳам таҳким бахшем. Шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғании худ ҳамеша дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа нақши намоён дорад. Хизматҳои шоистаи мардуми ин шаҳр аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша қадрдонӣ мегарданд. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои бузурги мардуми шарифи Кӯлобро ҳамеша бо дидаи қадр менигарад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат фидокориву ҷонбозиҳои ҷавонмардони Кӯлобро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳамеша дастгиру ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат буданд ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо дар оянда низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаи хеш ин сиёсатро самимона ҷонибдорӣ хоҳанд кард». Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат шаҳри Кӯлоб ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардида, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷумлаи нишонаҳои равшани ин пешрафт мебошанд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу субот ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ бо маром идома доранд. Ваҳдати миллӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар ва садоқат ба Ватан раҳнамун месозад. Ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БАХШИДА БА 29 СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ва ҷавҳари давлатдории навини тоҷикон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба омили муҳими ҳифзи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик табдил ёфтааст. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи сулҳу субот, сарҷамъӣ ва пешрафти устувори ҷомеаи мо мебошад. Мояи ифтихору сарфарозист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арзёбии саҳми сокинони шаҳри Кӯлоб дар роҳи таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ чунин таъкид намудаанд: «Барои мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ, бахусус, ҷашни истиқлолият арзишу қимати беандоза дорад. Зеро барои ҳифзи истиқлолияти Ватани маҳбубамон, расидан ба сулҳу субот, ҳимояи Ҳукумати конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ сокинони ин шаҳр баробари дигар ҳамватанони азизамон намунаи корнамоиву диловарӣ нишон дода, ҷонбозиҳои зиёд карданд ва аз ҳама бештар талафоти ҷониву моддӣ доданд». Ин таъкиди пурҳикмати Пешвои миллат бозгӯи ҳақиқати таърихист. Зеро мардуми сарбаланди Кӯлоб дар солҳои ҳассоси давлатсозӣ барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва барқарории сулҳу оромӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки рамзи ҳамбастагӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти муштараки шаҳрвандон дар назди Ватан мебошад. Ин арзиши муқаддас аз лаҳзаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ то ба имрӯз ҳамчун пайвандгари наслҳо, таҳкимбахши давлатдорӣ ва омили муҳими рушди ҷомеа хизмат мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки халқи соҳибтамаддуни тоҷик ҳамеша ваҳдату ҳамдилиро асоси бақои миллат ва пойдории давлат медонист. Сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб низ бо илҳом аз ниёи бо фазлу дониш дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихӣ бо ҷасорату матонат ва садоқати худ ба Ватан намунаи ибрат нишон додаанд. Бо таъкиди Пешвои миллат: «Матонату ҷасорат ва ҷонфидоии ҳамватанони азиз, аз ҷумла фарзандони далеру шуҷоъ ва бонангу номуси ин шаҳр буд, ки пеши роҳи парокандагии миллати тоҷик ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон гирифта шуд ва барои зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат фазои мусоид муҳайё гардид». Имрӯз идомаи ҳамин анъанаҳои неки ватандӯстӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дастовардҳои сулҳу ваҳдатро ҳифз намуда, барои таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми бештар гузорем. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллӣ ба яке аз пояҳои асосии худшиносӣ, сарҷамъӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст. Далели равшани эътирофи байналмилалии сиёсати сулҳофаринии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи мантиқии ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат он аст, ки 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Қабули ин санади муҳим, ки солҳои 2027-2036-ро Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ эълон менамояд, бори дигар собит сохт, ки таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдат ва оштии миллии Тоҷикистон имрӯз на танҳо барои мардуми кишвар, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ ҳамчун намунаи арзишманд ва илҳомбахш эътироф гардидааст. Бешубҳа, ин дастоварди таърихӣ идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарварона ва ваҳдатофарини Пешвои миллат буда, мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими фарҳанги сулҳ, муколама ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад. Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ҷашни сулҳу субот, амният ва созандагӣ мебошад. Маҳз баъди барқарор гардидани сулҳу ризоият барои рушди иқтисодиёт, ободонии шаҳру деҳот, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Мардуми шарифи Кӯлоби бостонӣ дар баробари халқи азизи Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва Ватани соҳибихтиёр ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди инфрасохтори замонавӣ камари ҳиммат бастанд. Имрӯз низ ин анъанаи неки созандагӣ идома дошта, ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки дар пешрафту ободии диёр саҳми арзандаи худро гузорад. Аз тамоми сокинон, соҳибкорон ва заҳматкашони шаҳр даъват ба амал меорам, ки аз фазои орому осудаи кишвар самаранок истифода намуда, барои рушди иқтисодиёт, фаровонии маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саъю кӯшиши бештар намоянд. Ҳамзамон, моро мебояд суннатҳои неки ваҳдатро тавассути тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ободонии маҳаллаву кӯчаҳо, вусъат бахшидани корҳои сабзкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ боз ҳам таҳким бахшем. Шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги ғании худ ҳамеша дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ, пояҳои давлатдорӣ ва рушди ҷомеа нақши намоён дорад. Хизматҳои шоистаи мардуми ин шаҳр аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳамеша қадрдонӣ мегарданд. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз намудаанд: «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон хизматҳои бузурги мардуми шарифи Кӯлобро ҳамеша бо дидаи қадр менигарад ва ман ҳамчун Роҳбари давлат фидокориву ҷонбозиҳои ҷавонмардони Кӯлобро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Сокинони ин шаҳри бостонӣ ҳамеша дастгиру ҷонибдори сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат буданд ва дилпурона изҳор медорам, ки онҳо дар оянда низ бо ташаббусҳои созанда ва саҳми арзандаи хеш ин сиёсатро самимона ҷонибдорӣ хоҳанд кард». Боиси ифтихор аст, ки маҳз дар фазои сулҳу ваҳдат шаҳри Кӯлоб ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардида, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷумлаи нишонаҳои равшани ин пешрафт мебошанд. Имрӯзҳо мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу субот ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, сохтмони иншооти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ бо маром идома доранд. Ваҳдати миллӣ моро ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, меҳру муҳаббат, эҳтироми ҳамдигар ва садоқат ба Ватан раҳнамун месозад. Ҳифзу таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАШТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ.  23.06.2026 Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум, бо иштироки вакилон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон   баргузор гардид.  Дар рафти баргузории иҷлосия масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёт аз ҷумла рафти амалишавии ҳадафи чоруми стратегии милли “Саноатикунонии босуръати мамлакат” дар шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Зимни баромадҳои масъулини соҳа зикр гардид, ки дар давоми чанд соли охир бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкоронӣ ватани дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноати сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дарҷ гардид ки айни замон шумораи корхонаҳои саноати дар шаҳри Кӯлоб ба 77 адад расидааст, ки дар онҳо 91 номгуи маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр шумораи ҷойҳои корӣ низ муҳаё гардида барои шаҳрвандон шароити мусоиди кору фаъолият марҳила ба марҳила амали карда мешавад. Роҳбарияти МИҲД-и вилояти Хаттлон ва шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъала таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо таваҷҷуҳи махсус равона менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як масъулро мебояд ки дар ин самт ҳама тадбирҳои лозимаро ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти кории кормандон амали намояд. Бояд иброз намуд,ки зиёд шудани шумораи коргоҳу корхонаҳои нави саноати дар шаҳру деҳоти мамлакат омили коҳиш ёфтани воридоти маҳсулот, зиёд гардиданӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулотӣ ватанӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот ва дар беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар заминаҳои созгор мегузорад. Инчунин дар рафти ҷаласа ба масъала зиёд намудани шумораи ҷойҳои навӣ корӣ ва таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои корӣ тавваҷуҳи махсус равона карда шуд. Гуфта шуд,ки бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб як чанд коргоҳу корхонаҳои нав санотӣ ба фаъолият оғоз менамоянд, ки дар ин корхонаҳо ҷойҳои нави кори муҳайё гардида шумораи зиёде аз шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд. Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома, вобаста ба ҳар як масъала бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми иҷлосия масъулин аз вакилон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои содиқонаи ваколатҳои худ, ҳимояи манфиатҳои мардум ва татбиқи барномаҳои давлатӣ масъулияти баланд зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як хизматчии давлатӣ ва вакили мардумӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолият намояд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинон, аз ҷумла вакилони мардумӣ, вазифадоранд барои ободонӣ, созандагӣ ва рушди устувори шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро танҳо бо заҳмати содиқона ва ҳамкории дастаҷамъона метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ҲАШТУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ КӮЛОБ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ. 23.06.2026 Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати ҳафтум, бо иштироки вакилон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон баргузор гардид. Дар рафти баргузории иҷлосия масъалаҳои муҳими соҳаи иқтисодиёт аз ҷумла рафти амалишавии ҳадафи чоруми стратегии милли “Саноатикунонии босуръати мамлакат” дар шаҳри Кӯлоб мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Зимни баромадҳои масъулини соҳа зикр гардид, ки дар давоми чанд соли охир бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва бо ҷалби соҳибкоронӣ ватани дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб коргоҳу корхонаҳои хурду бузурги саноати сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дарҷ гардид ки айни замон шумораи корхонаҳои саноати дар шаҳри Кӯлоб ба 77 адад расидааст, ки дар онҳо 91 номгуи маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки бо афзоиши шумораи корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр шумораи ҷойҳои корӣ низ муҳаё гардида барои шаҳрвандон шароити мусоиди кору фаъолият марҳила ба марҳила амали карда мешавад. Роҳбарияти МИҲД-и вилояти Хаттлон ва шаҳри Кӯлоб таъкид доштанд,ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъала таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои кории доимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои онҳо таваҷҷуҳи махсус равона менамоянд. Аз ҳамин лиҳоз ҳар як масъулро мебояд ки дар ин самт ҳама тадбирҳои лозимаро ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани фаъолияти кории кормандон амали намояд. Бояд иброз намуд,ки зиёд шудани шумораи коргоҳу корхонаҳои нави саноати дар шаҳру деҳоти мамлакат омили коҳиш ёфтани воридоти маҳсулот, зиёд гардиданӣ ҳаҷми маҷмуи маҳсулотӣ ватанӣ, муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот ва дар беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳар як шаҳрванди кишвар заминаҳои созгор мегузорад. Инчунин дар рафти ҷаласа ба масъала зиёд намудани шумораи ҷойҳои навӣ корӣ ва таъмин намудани сокинон бо ҷойҳои корӣ тавваҷуҳи махсус равона карда шуд. Гуфта шуд,ки бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб як чанд коргоҳу корхонаҳои нав санотӣ ба фаъолият оғоз менамоянд, ки дар ин корхонаҳо ҷойҳои нави кори муҳайё гардида шумораи зиёде аз шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд. Пас аз баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои рӯзнома, вобаста ба ҳар як масъала бо овоздиҳии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми иҷлосия масъулин аз вакилон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иҷрои содиқонаи ваколатҳои худ, ҳимояи манфиатҳои мардум ва татбиқи барномаҳои давлатӣ масъулияти баланд зоҳир намоянд. Таъкид гардид, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як хизматчии давлатӣ ва вакили мардумӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ фаъолият намояд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар остонаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сокинон, аз ҷумла вакилони мардумӣ, вазифадоранд барои ободонӣ, созандагӣ ва рушди устувори шаҳр саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро танҳо бо заҳмати содиқона ва ҳамкории дастаҷамъона метавон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, зиндагии шоистаи мардумро таъмин намуд.
Направления
Маориф
Амният ва қонуният
Тандурустӣ
Ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ
Иқтисод ва иҷтимоиёт
Соҳибкорӣ
Буҷет ва молия
Ҷавонон ва Варзиш
Занон
Кишоварзӣ
Полезные ссылки
Шӯъбаи Маориф
Шӯъбаи Фарҳанг
Раёсати кишоварзӣ
Шӯъбаи кор бо занон ва оила
Котиби мақомоти васояту парасторӣ
Шӯъбаи иқтисод, савдо ва мониторинг
Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ
Бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия
Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи молу мулки давлатӣ
Документы
Конститутсияи Чумхурии Точикистон
2025-12-18T09:34:00Z
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон бораи давраи то соли 2030
2026-04-09T11:03:00Z
БОБИ 3. ВАКОЛАТ ВА ФАЪОЛИЯТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ
2025-12-18T09:31:00Z
Вакансии
Календарь событий
2025-08-15
Вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр бо сокинони деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб бо усули "Деҳа ба деҳа"
2025-08-18
ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН, ВАҲДАТАТ ПОЙДОР БОД ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
2025-08-18
ТОҶИ ШАРАФУ НИШОНИ МО ИСТИҚЛОЛ
Услуги
Слайды
Страницы
Санадҳо
Маркази матбуот
Тамос бо мо
Рушд
Сайёҳӣ
Варзиш
Фаъолият
Дар бораи Мақомот
Нома ба мақомот
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал