Ба салоҳияти Раёсат пешбурди масъалаҳо оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқии соҳаи муҳоҷирати ахолӣ ва ҳамкори бо диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ ворид мегарданд.
2. Раёсат таҳти роҳбарии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазир) ва муовини Вазир - сарпарасти соҳа фаъолият мекунад.
3. Раёсат аз сардор, муовини сардор - сардори шуъба, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахасисониборат мебошад.
Вазифаҳои асосии Раёсати муҳоҷирати аҳолӣ
Раёсат дар доираи масъалаҳои ба салоҳияти он вогузоргардида вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- татбиқи функсияи вазоратро оид ба таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ, танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷирати аҳолӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ таъмин менамояд;
- татбиқи вазифаҳо оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, Намояндагиҳои Вазорат дар хориҷа, Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-ро таъмин менамояд;
- таъмини иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ташкилии фаъолияти вазоратро аз рӯи масъалаҳои ба салоҳияти Раёсат мансуб буда амалӣ месозад.