Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия дар ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат, хуқуқ, озодиҳо ва амнияти шахсони воқеию хуқуқӣ ва амволи онҳоро таъмин менамояд.
Вазорат дар масъалаҳои марбут ба салоҳияти худ, ки тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон итоат менамояд.
Вазифаҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:
- таҳияи стратегияи умумии сиёсати давлатӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
- пешниҳод оид ба такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқарраршудаи фаъолият;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани чораҳо доир ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани чораҳо доир ба амнияти экологӣ ва карантинӣ;
- дар доираи ваколатқои худ ташкил ва амалӣ намудани чораҳои пешгирӣ, ошкоркунӣ, бартарафкунӣ, фошсозӣ ва тафтишоти ҷиноятҳо;
- пешгирӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;
- таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ;
- таъмини бехатарии зиддисӯхторӣ;
- таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ;
- ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба гардиши яроқ;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил намудани муҳофизати давлатии моликият ва ташкилотҳо;
- идоракунии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти корҳои дохилӣ), қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - қӯшунҳои дохилӣ) ва ташкил намудани фаъолияти онҳо.
- дар доираи ваколатҳои худ таъмин намудани фаъолият оид ба муайян намудани мақоми гуреза ва шахсони паноҳҷӯянда (қарор аз 29.04.2009с. № 27).
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бевосита ва (ё) тавассути воҳидҳои ба сохтор ва Нақшаи идоракунии он шомил - Академия, Сарраёсат, Сармарказ, раёсатҳо, хадамотҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ, раёсати қӯшунҳои дохилӣ ва қисмҳои низомии қӯшунҳои дохилӣ, намояндагиҳо (намояндаҳо)-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, дигар ташкилоту воҳидҳое, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ ва қӯшунҳои дохилии он вогузоршуда таъсис дода шудаанд, амалӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2011 № 673).
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои парчам аст, ки он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Почтаи электронӣ: info@vkd.tj, somona@vkd.tj, kotibot@vkd.tj, rnt@vkd.tj, qn@vkd.tj