Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд — Агенти) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетикиро амалӣ менамояд.
Агенти дар сохтори идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, фаъолияти худро мувофиқи ин Низомнома, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи энергетика ба роҳ мемонад.
Агенти фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликияташон ба анҷом мерасонад.
Суроға: шаҳри Душанбе, кучаи Қаҳҳорова 35
Тамос: +992-372-2222-502
Почтаи электронӣ: info8energonadzor.tj