Таърихи ташкилшавӣ ва номгузории ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Ташкилшавии ноҳия:
Ноҳия 15 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар ҳайати вилояти Кӯлоб бо номи «Чубак» ташкил гардидааст.
Ивазшавии номи ноҳия:
Масоҳати умумии ноҳия 50 км²-ро ташкил медиҳад. Ноҳия аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (дар масофаи 35 км), аз ғарб бо ноҳияи Фархор (9 км), аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (150 км) ва аз шимолу шарқ бо ноҳияи Восеъ (42 км) ҳамсарҳад мебошад.
Маълумот дар бораи фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мувофиқи тақсимоти марзиву маъмурӣ, ноҳия аз як ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст.
Ҷамоатҳо ҳамчун мақомоти худидоракунӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон дар самти иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мусоидат намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ кумак мерасонанд.
Онҳо дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба салоҳияти худ, аз ҷумла танзими муносибатҳои замин, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳаётии шаҳрвандон мебошад, ҳаллу фасл менамоянд.
Ҷамоатҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро ба аҳолӣ фаҳмонда, шаҳрвандонро ба иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва истеҳсолӣ сафарбар мекунанд. Ҳамзамон, манфиатҳои шаҳрвандонро дар назди мақомоти дахлдор ҳимоя намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҳои амалӣ меандешанд.
Дар доираи салоҳияти худ, ҷамоатҳо инчунин масъалаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро баррасӣ намуда, ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳим мусоидат мекунанд.