Меню

Исполнительный орган государственной власти района Мир Сайид Али Хамадони

Таърихи ташкилшавӣ ва номгузории ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ташкилшавии ноҳия:
Ноҳия 15 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар ҳайати вилояти Кӯлоб бо номи «Чубак» ташкил гардидааст.

Ивазшавии номи ноҳия:

  1. Ба хотири як гурӯҳ мутахассисон ва коргарони шаҳри Москваи Федератсияи Русия, ки дар сохтмони роҳҳо, шабакаҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои ноҳия иштирок намуданд, ҳамчун рамзи дӯстиву бародарӣ, бо дархости сокинон, 13 декабри соли 1952 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон номи ноҳия ба «Москва» иваз карда шуд.
  2. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004, №502, номи ноҳияи Москва ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иваз гардид. Асоси ин пешниҳод ва дархости сокинони ноҳия ба хотири гиромидошти олим ва мутафаккири Шарқ — Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки бори аввал ба деҳаи Чубеки ноҳия омада, муддате дар он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Масоҳати умумии ноҳия 50 км²-ро ташкил медиҳад. Ноҳия аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (дар масофаи 35 км), аз ғарб бо ноҳияи Фархор (9 км), аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (150 км) ва аз шимолу шарқ бо ноҳияи Восеъ (42 км) ҳамсарҳад мебошад.


Маълумот дар бораи фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мувофиқи тақсимоти марзиву маъмурӣ, ноҳия аз як ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст.

Ҷамоатҳо ҳамчун мақомоти худидоракунӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон дар самти иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мусоидат намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ кумак мерасонанд.

Онҳо дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба салоҳияти худ, аз ҷумла танзими муносибатҳои замин, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳаётии шаҳрвандон мебошад, ҳаллу фасл менамоянд.

Ҷамоатҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро ба аҳолӣ фаҳмонда, шаҳрвандонро ба иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва истеҳсолӣ сафарбар мекунанд. Ҳамзамон, манфиатҳои шаҳрвандонро дар назди мақомоти дахлдор ҳимоя намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҳои амалӣ меандешанд.

Дар доираи салоҳияти худ, ҷамоатҳо инчунин масъалаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро баррасӣ намуда, ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳим мусоидат мекунанд.

 
1
Пресс центр
Направления
Полезные ссылки
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
2026-04-09T15:17:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Контакты
Письмо в органы власти
Пресс-центр
О Органе
Деятельность
Документы
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал