Меню

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ

Таърихи ташкилшавӣ ва номгузории ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Ташкилшавии ноҳия:
Ноҳия 15 сентябри соли 1950 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар ҳайати вилояти Кӯлоб бо номи «Чубак» ташкил гардидааст.

Ивазшавии номи ноҳия:

Ба хотири як гурӯҳ мутахассисон ва коргарони шаҳри Москваи Федератсияи Русия, ки дар сохтмони роҳҳо, шабакаҳои обёрӣ ва азхудкунии заминҳои ноҳия иштирок намуданд, ҳамчун рамзи дӯстиву бародарӣ, бо дархости сокинон, 13 декабри соли 1952 бо Укази Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон номи ноҳия ба «Москва» иваз карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004, №502, номи ноҳияи Москва ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ иваз гардид. Асоси ин пешниҳод ва дархости сокинони ноҳия ба хотири гиромидошти олим ва мутафаккири Шарқ — Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад, ки бори аввал ба деҳаи Чубеки ноҳия омада, муддате дар он ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Масоҳати умумии ноҳия 50 км²-ро ташкил медиҳад. Ноҳия аз ҷануб бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (дар масофаи 35 км), аз ғарб бо ноҳияи Фархор (9 км), аз ҷанубу шарқ бо ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (150 км) ва аз шимолу шарқ бо ноҳияи Восеъ (42 км) ҳамсарҳад мебошад.


Маълумот дар бораи фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мувофиқи тақсимоти марзиву маъмурӣ, ноҳия аз як ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст.

Ҷамоатҳо ҳамчун мақомоти худидоракунӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон дар самти иштирок дар идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мусоидат намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқ кумак мерасонанд.

Онҳо дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба салоҳияти худ, аз ҷумла танзими муносибатҳои замин, ки яке аз масъалаҳои муҳими ҳаётии шаҳрвандон мебошад, ҳаллу фасл менамоянд.

Ҷамоатҳо сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро ба аҳолӣ фаҳмонда, шаҳрвандонро ба иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва истеҳсолӣ сафарбар мекунанд. Ҳамзамон, манфиатҳои шаҳрвандонро дар назди мақомоти дахлдор ҳимоя намуда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҳои амалӣ меандешанд.

Дар доираи салоҳияти худ, ҷамоатҳо инчунин масъалаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳангро баррасӣ намуда, ба шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои муҳим мусоидат мекунанд.

 

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, шаҳраки Москва, кӯчаи И. Сомонӣ, 18

Почтаи электронӣ: kadrho.hamadoni@khatlon.tj

Телефон: 8 33 15 2 22 33

1
Пресс центр
Гуруҳи 24 ва ТТЭ ҲНИ – хиёнаткорони ифротӣГуруҳи 24 ва ТТЭ ҲНИ – хиёнаткорони ифротӣ
Омӯзгор — чароғи роҳи маърифатОмӯзгор — чароғи роҳи маърифат
САФАРИ ТАЪРИХӢ ВА ҚУДУМИ ФАЙЗБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОНСАФАРИ ТАЪРИХӢ ВА ҚУДУМИ ФАЙЗБОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
   Боздид аз корҳои саҳроӣ   Боздид аз корҳои саҳроӣ
   БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ   БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ПАХТАТОЗАКУНӢ
Направления
Фарҳанг
Варзиш
Иҷтимоӣ
Полезные ссылки
Документы
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
2026-04-09T15:17:00Z
Эълони озмун
2026-08-20T13:50:00Z
Вакансии
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия
2026-06-04
Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳия
2026-06-04
Сармутахассис – муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиеви ноҳия
2026-06-04
Сармутахассис – муҳандиси заминсози Ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳия
2026-06-04
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Тамос бо мо
Нома ба мақомот
Маркази Матбуот
Дар бораи Мақомот
Фаъолият
Санадҳо
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон