Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Меню

National Center for Legislation under the President of the Republic of Tajikistan

   Мо шодем, ки  Шумо  нисбати Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намудед.

     Маркази миллии қонунгузорӣ мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 марти соли 2009, №637 таъсис ёфтааст.
Марказ муассисаи давлатии илмию таҳқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ буда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
     Вазифаҳои асосии Марказ таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои қонунҳо, таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани экспертизаи ҳуқуқии лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муқоисавию ҳуқуқии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии дохилӣ ва хориҷӣ, фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва интишори тафсири илмию амалии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Инчунин, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро низ анҷом медиҳад.
     Баҳри амалисозии вазифаҳои болозикр, Марказ иқтидорӣ назарраси эҷодӣ дорад. Аз он ҷумла, дар он 2 нафар доктори илмҳои ҳуқуқ, 5 нафар номзади илмҳои ҳуқуқ ва 10 нафар аспиранту унвонҷӯён фаъолият менамоянд. Ин имкон медиҳад, ки Марказ дар ҷараёни қонунгузорӣ иштирок намуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани қонунҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи онҳо мусоидат намояд.
     Сомонаи расмии Марказ бо мақсади таъмини фаъолият, инкишофи низоми давлатии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастрасии бемамониати он ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ташкил ва пеш бурда мешавад.
 
Бо умеди ҳамкориҳои судманд, директори 
Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади 
илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Саидзода Иззатулло Ҳабибулло

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734024, ш. Душанбе, кӯчаи академик А. Адҳамов, 13.

Тамос:  (992 37) 227-47-71,

Факс: (992 37) 227-63-64

Почтаи электронӣ:  info@mmk.tj

Сомонаи пешина: https://mmk.tj/

 

1
Пресс центр
Meeting of the Leadership of the National Center of Legislation under the President of the Republic of Tajikistan with the Leadership of the Gansu University of Political Science and Law of the People’s Republic of ChinaMeeting of the Leadership of the National Center of Legislation under the President of the Republic of Tajikistan with the Leadership of the Gansu University of Political Science and Law of the People’s Republic of China
Meeting of the Academic Council of the National Center of Legislation under the President of the Republic of TajikistanMeeting of the Academic Council of the National Center of Legislation under the President of the Republic of Tajikistan
Направления
Полезные ссылки
Документы
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ
2025-10-14T11:29:00Z
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нишон барои ҳисобҳо
2025-10-14T13:20:00Z
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Донишгоҳи милли Тоҷикистон
2025-10-14T13:28:00Z
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
Areas of work
Contacts
News
Legislation base
About Center
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал
President of the Republic of Tajikistan
Ministry of Justice of the Republic of Tajikistan
Ministry of education and science of the Republic of Tajikistan
The Committee on Language and Terminology under the Government of the Republic of Tajikistan
Ministry of culture of the Republic of Tajikistan
Academy of the Ministry of Internal Affairs
General Prosecutor’s Office of the Republic of Tajikistan
Academy of Public Administration under the President of the Republic of Tajikistan