Меню

Исполнительный орган государственной власти Шахринавского района

Ноҳияи Шаҳринав 17 – уми сентябри соли 1927 дар асоси тумани Қаратоқи ҲМШС Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
– Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29- январи соли 1932 ноҳияи Ҳисор ва соли 1935 ноҳияи Регар аз Шаҳринав ҷудо карда шуданд.
– Соли 1959 бо мақсади калон кардани ноҳияҳо Шаҳринав барҳам дода шуда, ҳудудаш ба ноҳияи Регар ва Ҳисор ҳамроҳ гардид.
– 2 январи слои 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Шаҳринав аз нав барқарор карда шуд.

– масоҳати умумии ноҳияи Шаҳринав 1000 км2-ро ташкил медиҳад..

Шумораи умумии аҳолии ноҳия 132,4 ҳазор нафар буда, дорои 7 ҷамоат ( 1 шаҳрак, 6 деҳот ), 75 деҳа, 8 маҳалла, 50 адад кӯчаҳо, 3 адад хоҷагии ҷамоавӣ, 1835 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1 кооперативи истеҳсолӣ, 2 адад хоҷагии давлатӣ, 4 ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 30 адад корхонаи саноатӣ, 3 ташкилоти сохтмонӣ мебошад.
– Дар ноҳия 61 мактаб, аз ҷумла 39 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 мактаби миёнаи асосӣ, 8 мактаби ибтидоӣ мавҷуд аст.
– Инчунин дар ноҳия як адад омӯзишгоҳи касбии техникии № 11, 1 адад Муассисаи давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат”, инчунин 2 адад Литсейи хусусӣ, аз ҷумла Литсейи “Нур” ва “Нури ирфон”, мактаб парваришгоҳи ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, осоишгоҳи бачагонаи ҷумҳуриявии Қаратоқ, мактаби санъати бачагона, 2 адад мактаби варзишӣ, хонаи истироҳат, 6 хонаи фарҳангӣ, як адад қасри фарҳангӣ, 18 китобхона, 1 адад осорхонаи таърихии кишваршиносӣ, як адад театри халқӣ, як адад ансамбли фолклорӣ, як адад китобхонаи марказӣ, 1 адад китобхонаи бачагона, 5боғи фарҳангию фароғатӣ ва 7 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият менамоянд.
– дар ноҳия як адад беморхонаи марказӣ, як адад беморхонаи минтақавӣ, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 18 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 15 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 9 адад маркази мустақили хизматрасонии тиббӣ, инчунин як адад пенсионати муолиҷавӣ, дорухонаҳои хусусӣ, нуқтаҳои хизматрасонии дандонпизишкии хусусӣ, 78 иншоотҳои варзишӣ хизматрасонӣ менамоянд.
– Барномаи рушди иrтисодӣ – иҷтимоии ноҳияи Шаҳринав дар давраи то соли 2026 амалӣ гашта, иншоотҳои маъмурӣ, маориф, тандурустӣ, варзишӣ, хизматрасонию маишӣ ва биноҳои истиrоматӣ бунёд меёбанд.

1
Пресс центр
Баргузории вохӯрии намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия бо сули "Деҳа ба Деҳа"Баргузории вохӯрии намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия бо сули "Деҳа ба Деҳа"
КОРҲОИ ОБОДОНИ ВА РАНГУБОРИ ДАРУ ДЕВОРҲОИ  ХОНА ВА ИНШООТҲОИ КАНОРИ ШОҲРОҲИ ДУШАНБА-ТУРСУНЗОДА ВА РОҲИ МАВЗЕИ ҚАРАТОҒ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШАҲРИНАВКОРҲОИ ОБОДОНИ ВА РАНГУБОРИ ДАРУ ДЕВОРҲОИ ХОНА ВА ИНШООТҲОИ КАНОРИ ШОҲРОҲИ ДУШАНБА-ТУРСУНЗОДА ВА РОҲИ МАВЗЕИ ҚАРАТОҒ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ШАҲРИНАВ
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИНАВТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИНАВ
Направления
Развитие экономики и инфраструктуры
Повышение уровня жизни населения
Укрепление образования, здравоохранения и культуры
Охрана окружающей среды и рациональное использование земель
Поддержка предпринимательства и привлечение инвестиций
Обеспечение правопорядка и общественной безопасности
Полезные ссылки
Документы
Вакансии
Календарь событий
Услуги
Слайды
Страницы
О Органе
Деятельность
Документы
Пресс-Центр
Контакты
Реализуемые проекты
Социальные медиа
Меню подвал