Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489, аз 3.11.2018 № 537, аз 31.07.2019 № 389)
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 марти соли 2010 №832 “Дар бораи такмили минбаъдаи сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2) Низомнома, Сохтори Дастгоҳи марказӣ ва Нақшаи идоракунии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3) Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад. Бисту шаш воҳиди штатии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 13.09.2012 № 489, аз 31.07.2019 № 389).
4) Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ду муовини Сардор, аз ҷумла як муовини якум ва ҳайати мушовара иборат аз 3 нафар дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
Ба Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 3 адад муқаррар карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
5) Дар сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби ихтисори 19 воҳидҳои кории Раёсатҳои рушди иқтисод ва фаъолияти зиддиинҳисорӣ мақомоти маҳаллии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.11.2018 № 537).
6) Маблаљгузории Дастгоҳи марказии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаљҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
Маблаљгузории мақомоти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблаљҳои буҷети маҳаллӣ анҷом дода шавад.
7) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати як моҳ масъалаи ҷойгиркунонии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаллу фасл намояд.
8) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўхистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суљд ва шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида сохторҳои худро ҷиҳати иҷрои қарори мазкур мутобиқ намоянд.
9) Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати ду моҳ тибқи тартиби муқарраргардида доир ба ворид намудани таљйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи зиддиинҳисорӣ таклиф пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 майи соли 2010 № 227
ш. Душанбе